Табрикоти Раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ

Posted by

Бо камоли хурсандӣ тамоми сокинони сарбаланди Тоҷикистонро бо фаро расидани Наврӯзи байналмилалӣ табрик ва шодбош мегӯям. 

Наврӯз, ки соҳиби таърихи зиёда аз шашҳазорсола аст,  аз ибтидо марбут ба ягон дину мазҳаб набуд ва дар масири таърих аз тобишҳои сиёсии вақт эмин монда, ҳамчун суннати волои фарҳангӣ то ба имрӯз  ҷашн гирифта мешавад.

Бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва заҳмату талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 21-уми мартро ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз қабул намуд. Акнун Наврӯз ба иди байналмилалӣ табдил гашта, вирди забон ва шодкомиҳои мардуми ҷаҳон гаштааст.

Ба ин маънӣ Сарвари давлат Наврӯзи ҷаҳониро падидаи нотакрори фарҳангӣ ва унсури тамаддуни миллӣ номида, таъкид доштаанд, ки ин ҷашни бостонӣ дар масири таърих тамоми инсониятро ба созандагиву офарандагӣ, бунёди тарҳи нави зиндагӣ ва ташаббусу иқдомҳои тоза ҳидоят намудааст. Ҳикмати Наврӯз беҳтарин суннатҳои волои аҷдодиро тарғиб намуда,  оғози рӯзи наву соли нав, рамзи пирӯзию рӯшноӣ, густариши дӯстию рафоқат, фаровонии хайру баракат ва орзую омоли неки мардум дар сиришти ин ҷашни бостонӣ нуҳуфтааст.

Дар ин айёми Наврӯзи хуҷастапай Шумо ва наздикону пайвандонатонро муборакбод намуда,  ба ҳамагон азамату шаҳомати наврӯзӣ, бахту саодати ҷовидона, сарбаландиву шодмонӣ, зебоиву шукуфоӣ ва дар фаъолияти минбаъда муваффақияту комёбиҳои беназир таманно дорам.

Ҳар рӯзатон Наврӯз бод!

Наврӯзатон фирӯз бод!