АЁДАТИ СОБИҚАДОРИ СОҲА

Posted by

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти эҳтироми калонсолон роҳбарият ва судяҳои Суди иқтисодии вилояти Суғд ба аёдати собиқадори меҳнат Кенҷаева Мунаввара Ҳодибоевна рафта, ӯро ба муносибати 70-солагиаш табрик карданд.

Зимни суҳбат аз вазъи саломатӣ ва шароити зиндагии ӯ пурсон шуда, таъкид гардид, ки ғамхори нисбати собиқадорони меҳнат зери таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Кенҷаева Мунаввара Ҳодибоевна бо ёдоварӣ аз зиндагии худ, пойдории сулҳу субот дар Тоҷикистони азизамон ва барои дастгириҳои пайваста изҳори сипос намуданд.

Ёдрас мешавем, ки Кенҷаева Мунаввара Ҳодибоевна ҳамчун ҳуқуқшиноси пуртаҷриба дорои мукофот ва унвонҳои давлатӣ аз ҷумла, корманди шоистаи Тоҷикистон, ордени “Дружба народов” мукофонида шуда, пеш аз нафақа вакили маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати сеюм кору фаъолият кардааст.