Таъмини зиндагии шоистаи сокинон – самти афзалиятноки фаъолияти давлат

Posted by

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2024 як силсила масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии кишвар ҳамаҷониба таҳлил ёфта, барои рушди устувори ҳар соҳа ва рафъи камбудиҳои ҷойдошта дар онҳо дастуру супоришҳои қатъӣ ва таклифу ҳидоятҳои зарурӣ дода шуданд. Он барномаи мушаххаси рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию сиёсии Тоҷикистон, нақшаи мукаммали кории тамоми ниҳодҳо ва қутбнамои ҳаракати устувори ҷомеаи мо ба сӯйи ояндаи дурахшон мебошад.

Аз нигоҳи мазмун ва муҳтаво Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ мавзуъҳоеро дар бар мегирад, ки барои рушди устувори мамлакат ва таъмини зиндагии сазовори мардум аҳамияти муайянкунанда доранд. Мавзуъҳое ба мисли таҳлили равандҳои минтақавию байналмилалӣ ва ҷойгоҳи Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир, вазъияти рушди иқтисодӣ ва ислоҳоти низоми молиявӣ, масъалаҳо ва дурнамои рушди соҳаҳои саноат ва соҳибкорӣ, дастовардҳо ва сиёсати иҷтимоии давлат, таҳкими ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва таъмини амнияти миллӣ дар шароити муосир аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки дар қатори бисёр масъалаҳои дигар муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро ташкил медиҳанд.

Президенти кишвар дар Паём ба Маҷлиси Олӣ аз усулҳои таҳлил ва муқоиса бештар истифода намуда, ҳолати рушди давлат, дастовардҳои ноилгардида ва дурнамои рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди таҳлил ва муқоиса қарор доданд. Чунин тарзи таҳлил ва ифодаи муқоисавии дастовардҳо нишони он аст, ки сиёсатгузориҳои арзишманди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахшҳои алоҳидаи ҷомеа огоҳона, илмӣ ва воқеъбинонаю оянданигарона мебошанд.

Пешвои миллат дар ин Паёмашон дастовардҳои асосии иҷтимоиву иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар зарфи панҷ соли охир ва дар соли 2024 таҳлилу ҷамъбаст намуда, барои боз ҳам афзун намудани комёбиҳо дар ин самт соли 2025 дар назди Ҳукумати мамлакат як қатор вазифаҳои нав гузоштанд. Ин вазифагузориҳо се ва панҷ сол, ҳатто муҳлати аз ин бештарро ҳам дар бар мегиранд. Аз ҷумла, вобаста ба ин дар Паём чунин гуфта шуд: «Ҳукумати мамлакат бо истифода аз ҳама захираву имконияти мавҷуда барои мунтазам беҳтар гардонидани шароити зиндагии мардум нақшаҳои бузурги созандагиро амалӣ менамояд. Соли 2024-ум ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат ба беш аз 150 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз расонида шуд. Дар панҷ соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7 фоизро ташкил дод».

Воқеан, дар муддати сию се соли соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон зина ба зина аз парокандагию харобӣ берун омада, раванди муназзами рушд ва пешравиро соҳиб гардид. «Ҳоло ҷумҳурии мо, – таъкид намуданд Сарвари давлат дар Паёмашон, – дар марҳилаи нави тараққиёт қарор дошта, бо амалӣ намудани стратегияву барномаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил мегардад».

Аммо дар вазъи ниҳоят ноороми ҷомеаи муосири ҷаҳонӣ нигоҳ доштани суръати муназзами рушд, татбиқи стратегияю барномаҳои гуногунмуҳлати иқтисодию иҷтимоӣ ва расидан ба ҳадафҳои асосӣ сиёсати ниҳоят дурбинонаро талаб менамояд. Бесабаб нест, ки Президенти мамлакат ба ин масъала таваҷҷуҳ намуда, омилҳои асосии таъсиргузорро ба рушди иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ як ба як номбар намуданд. Пеш аз ҳама, Пешвои миллат нооромию низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам, шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ ва таҳримҳо байни давлатҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард», тағйирёбии иқлим, канда шудани занҷираҳои таҳвили молу маҳсулотро омилҳои асосии берунаи таъсиргузор ба иқтисоди мамлакат ҳисобиданд. Албатта, барои пешгирӣ кардани таъсири манфии ин ва дигар омилҳои ҷойдошта ҷумҳурии моро зарур аст, ки пайваста тадбирҳои саривақтӣ ва таъминкунандаи назму низоми тараққиётро қабул намояд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар сокинони ҷумҳурӣ ва ҷомеаи ҷаҳонро аз он огоҳ намуданд, ки новобаста ба мавҷудияти омилҳои манфии таъсиргузор ва мушкилоти дигари дохилию берунӣ мо раванди расидан ба ҳадафҳои миллии худро боз ҳам қавитар намуда, амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодии мамлакатро таъмин менамоем ва сатҳу сифати зиндагии мардумро боз ҳам баландтар мебардорем. «Зеро, – таъкид намуданд Пешвои миллат, – мардуми мо мисли халқҳои дигар мамолики мутамаддин ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд. Ин аст ҳадафи олии сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон».

Бешубҳа, давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ зери парчами сиёсати хирадмандонаю созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба ин ҳадафи олӣ, яъне таъмини зиндагии шоистаи мардум устуворона қадам гузошта, аз ҳама захираю имконияти мавҷуда истифода менамояд. Махсусан, таҳлили дастовардҳои назарраси иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ дар даҳ соли охир нишон медиҳад, ки дар ин самт ҷумҳурии мо суръати хуби рушд ва равиши муназзами пешравиро соҳиб гардидааст.

Яке аз нишондиҳандаҳои сатҳи некуаҳволии аҳолии ҷумҳурӣ – ин даромади пулии шаҳрвандони ҷумҳурӣ мебошад, ки он аз 48 миллиард сомонии соли 2019 то ба 147 миллиард сомонӣ дар соли 2024 боло рафтааст. Яъне даромади пулии аҳолӣ дар ин муддат 3 баробар зиёд гардида, музди миёнаи меҳнат беш аз 1,8 баробар ва андозаи миёнаи нафақа 1,5 баробар афзоиш ёфтааст. Умуман, дар панҷ соли охир маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷавӣ чор маротиба ва дар маҷмуъ, ба андозаи 100 фоиз зиёд карда шуд. Ҳамаи ин чораҳо бо мақсади паст кардани таъсири сатҳи таваррум, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва хубтар намудани шароити зиндагии шаҳрвандони ҷумҳурӣ амалӣ гардидаанд.

Ҳамзамон, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ масоили дигари тақвиятдиҳандаи таъмини зиндагии шоиста, бахусус ташаккули маърифати моливии шаҳрвандон ва фарҳанги андозсупорӣ, истифодаи технологияи муосири рақамӣ, муҳайё кардани шароити беҳтарин барои тарбияи кадрҳо, пешниҳод намудани имтиёзҳои гуногун, ҳавасмандгардонии мутахассисони самти технологияҳои иттилоотӣ ва бозомӯзӣ дар муассисаҳои пешқадами хориҷӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ, такмил додани механизми татбиқи имтиёзи андоз ва дигар баррасӣ гардиданд. Ба хотири боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардуми ҷумҳурӣ ва тақвияти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дастур дода шуд, ки соли 2025 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои буҷавӣ, пеш аз ҳама, соҳаи маориф, илм, фарҳанг ва тандурустӣ, ҳадди ақалли музди меҳнат, нафақа аз 10 то 30 фоиз баланд карда шаванд.

Ҳамин тавр, аз муҳтавои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таҳлилу гузориши масъалаҳои ҳалталаби ҷомеаи имрӯзаи ҷумҳурӣ, муқаррар намудани самтҳои асосии рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ бармеояд, ки давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ барои расидан ба ҳадафи асосӣ – таъмини зиндагии шоиста аз тамоми имконоту шароити мавҷуда истифода менамоянд. Фазои орому осоишта ва ваҳдату якдилии ҷомеаи ҷумҳурӣ омилҳои муҳими таъмини суръати муназзами рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат дар соли 2025 ва марҳилаи навбатӣ мебошанд. Вале баробар ба ин дар ҷомеаи ҷумҳурӣ ба тарбияи насли наврас, соҳибкасбу соҳибмаърифат намудани ҷавонон, ба шакли мукаммал донистани забони модарӣ ва арҷгузорӣ ба он, омӯзиши ҳатмии забонҳои хориҷӣ, азхудкунӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи технологияи муосир, рушди неруи зеҳнӣ, пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳама гуна ҳаракату андешаҳои ифротӣ, комилан аз байн бурдани хурофотпарастӣ, вусъати ҷаҳонбинии илмӣ ва ҳамқадами ҷаҳони мутамаддин будани аҳли ҷомеаи ҷумҳурӣ мо метавонем ба ҳадафҳои олии худ, махсусан зиндагии шоиста шарафёб гардем. Ҳанӯз, хеле пештар аз пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олӣ дар яке аз суханрониҳояшон Президенти мамлакат таъкид карда буданд, ки «мо – тамоми аҳли ҷомеаи мамлакат, бояд сарҷамъона ва бо ҳисси баланди ватандӯстию ватанпарварӣ барои таъмини зиндагии шоистаи ҳар оилаи Тоҷикистон заҳмат кашем».

Давлатзода Толиб Шариф,

судяи Суди иқтисодии вилояти Суғд