НАВРӮЗ – ТАЪРИХУ ФАРҲАНГИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

Posted by

Базми гул дар чамани Наврӯз аст,

Даври гул-гулфикани Наврӯз аст,

То ба гардун сухани Наврӯз аст,

Тоҷикистон ватани Наврӯз аст.

Мардуми фарҳангдӯсту куҳанбунёди тоҷик аз азал дорои таъриху фарҳанг, ҷашну маросим ва анъанаҳои миллии худ буданд, ки тули ҳазорсолаҳо аз насл ба насл гузашта, имруз ба насили нави инсоният мерос мондааст. Яке аз чунин арзишҳои таърихиву фарҳангӣ ин ҷашни Наврӯз ба ҳисоб меравад, ки тули асрҳо пайвандгари наслҳо баромад намуда истодааст.

Дар низоми таъриху фарҳанги миллати тоҷик ҷашни фархундаи Наврӯз нақши муҳим дошта, яке аз арзишмандтарин ва арҷмандтарин ҷашнвора ба ҳисоб меравад. Моҳияти  ҷашни фархундаи Наврӯз аз ифода намудани арзишҳои миллӣ ва суннату анъанаҳои ниёгони мо ба ҳисоб рафта, аз марҳилаи пайдоиши худ то ба имрӯз ба марҳилаҳои зиёда пурпечутоб рӯ ба рӯ гардидааст.

Худи маънои номи ҷашни Наврӯз ифодакунандаи “рӯзи нав” мебошад ва дар аввали соли нави хуршедӣ ба истиқболи соли нав барпо мешавад. Аз нигоҳи илм ва амалияи ситорашиносӣ дар рӯзе, ки офтоб ба бурҷи ҳамал ворид мешавад ва дар ҳамон дақиқаву сонияи ворид шудани он соли нав ва худи Наврӯз фаро мерасад. Наврӯз ифодакунандаи фарорасии фасли баҳори нозанин, зиндашавии табиат ва айёми баробаршавии шабу рӯз ба ҳисоб меравад.

Давр ва замони дақиқи пайдо шудани Наврӯз маълум намебошад. Вале тазаккур бояд дод, ки ҷашни Наврӯз таърихи зиёда аз сеҳазорсола дошта, яке аз қадимтарин оини миллии таърихи инсоният ба ҳисоб меравад.  

Доир ба таърихи пайдоиш ва баргузории ин ҷашни куҳанбунёд дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва бадеӣ маълумоти зиёд зикр гаштааст. Аз ҷумла, дар «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсии Тусӣ, «Ат-тафҳим» ва «Осор-ул-боқия»-и Абурайҳони Берунӣ, «Наврӯзнома»-и Умари Хайём ва дигар осори бузургони мо маълумоти мустақим ва пурмазмун оварда шудааст. Дар асарҳои зикршуда наврӯз гоҳ ба номи Ҷашни Фарвардин ва гоҳ бо номи Ҷашни Баҳор оварда мешавад, вале бештарин ва маъмултарин вожа ин «Наврӯз» ба ҳисоб меравад.

Олимон ва сарчашмаҳои таърихӣ ба он далолат кардаанд, ки Наврӯз дар давраи ҳукмронии Пешдодиён дар замони ҳукмронии Шоҳ Ҷамшед пайдо шудааст ва ҳамчун ҷашни фархунда рӯзгори одамиро пайваста поку тоза ва сабзу хуррам нигоҳ медорад. Воқеан ҳам, Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёгар, пайвандгари дӯстӣ, бародарӣ, нерӯбахши сулҳу оштӣ ва зудояндаи занги кинаву озурдагӣ шинохта шудааст.

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти пурра барқарор намудани арзишҳои Наврӯз ва ба ҷашни умумиҷаҳонӣ расонидани он мусоидат намудааст. Чунончӣ, аз давраи аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъриху фарҳанг ва ҷашну маросимҳои мардумӣ диққати ҷиддӣ дода, барои эҳёи арзишҳои миллӣ тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ намудааст. Дар замони соҳибистиқлолӣ Наврӯз ба ҳайси ҷашни миллӣ дар сатҳи давлатӣ бошукӯҳу шаҳомати хос таҷлил карда мешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо андешидани табдирҳои судманд ва талошҳои таърихии худ бунёдгузори ҷаҳонишавии Наврӯзи байналмилалӣ ба ҳисоб мераванд. Зеро, маҳз бо талошҳои Пешвои муаззами миллат, санаи 30-юми сентябри соли 2009 Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи ёдгории ғайримоддии фарҳанги башарият дохил карда шуд ва 19-уми феврали соли 2010 дар Иҷлосияи 64-ум аз ҷониби Маҷмааи Умумии СММ 21 мартро ҳамчун рӯзи байналмиллалии иди Наврӯз эълон кард.

Нақш ва мавқеи ҷашни Наврӯзро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар мулоқоти наврӯзӣ бо зиёиёни кишвар аз 20 марти соли 2014 чунин арзёбӣ намудаанд: “Ва Наврӯзи ҷаҳонӣ имрӯз низ метавонад дар ҳамгироиву ҳамкорӣ, сулҳу созиш ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмии мардуми сайёра нақши муассир дошта бошад, яъне инсониятро муттаҳид созад ва ҳамчун василаи беҳтарини гуфтугӯи тамаддунҳо хизмат намояд”.

Метавон гуфт, ки Наврӯз нишонаи олии хубию покӣ, дӯстию ҳамдилӣ ва иди сафову эҳёи табиат аст. Ин иди бузург марҳилаҳои вазнини таърихиро тай намуда, аз ҷанги душманону бадхоҳон раҳо ёфта, то ба замони имрӯзаи мо расидааст ва фарҳангу таърихи миллати куҳанбунёди тоҷикро дар асраи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудааст.

Моро месазад, ки ифтихор аз ниёгони худ намуда, суннати аҷдодии хешро зинда нигоҳ дорем ва арзишҳои таърихиву фарҳангии Наврӯзро пос дорем.

Бо истифода аз фурсати муносиб фаро расидани ин ҷашни бузурги миллӣ ва ҷаҳониро ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, кулли ҳамватанони бурунмарзӣ, инчунин ба мардумони кишварҳое, ки ин суннати бостониро гиромӣ медоранд, самимона табрик мегӯем. Бигзор ҷашни Наврӯз асрҳои аср муаррифгари фарҳангу таърихи миллати тоҷик монда, разми сулҳу дустии башар боқӣ бимонад.

Ҳамроқулзода Борбад Аслиддин – судяи Суди иқтисодии вилояти Суғд