Навруз таърихи бештар аз шашҳазорсола дорад. Расму суннатҳои наврӯзӣ ҳанӯз пеш аз дини ислом, аз давраи зардуштиён барои ояндаҳо ёдгор мондаанд.
Навруз пеш ба таври махсус ҷашн гирифта мешуд. Дар соли нав хӯрокҳои идона мепухтанд. Хӯрокҳои наврӯзӣ аз шир, биринҷ, гандум, гӯшти мурғ ва моҳӣ тайёр карда мешуданд. Одамон рӯйи дастархонро бо ҳафтшин оро медоданд, ки он дар шеъри зерин ин тарз ифода ёфтааст:
Ҷашни Наврӯз аз замони Каён
Мениҳоданд мардуми Эрон:
Шаҳду ширу шаробу шакари ноб
Шамъу шамшоду шоя андар хон.
Ҳар як маводди дар шеър ифодаёфта рамзеро ифода мекунад:
- Шаҳд – ширинии зиндагӣ;
- Шир – покӣ;
- Шароб – кайфияти рӯҳи хуш;
- Шакари ноб – сарбаландӣ;
- Шамъ – гармии рӯзгор;
- Шамшод – зиндагии бардавом;
- Шоя (мева) – фаровонии ризқу рӯзӣ.
Баъди ҷорӣ шудани дини Ислом, гузаштагони мо боз ҳафтсинро илова карданд. Онҳо рӯйи дастархонро бо чизҳое, ки номашон бо ҳарфи “С” оғоз меёбад, оро медоданд, ки инҳоянд:себ, сабзӣ, санҷид, суманак, сир, сирко, сипанд (испанд).Бо ин дар соли нав барои аҳли хонаводаашон баракат, тани сиҳат, сулҳу осоишро таманно мекарданд.
Пайдоиши Наврӯз ба подшоҳ Ҷамшед нисбат дода мешавад. Ҷамшедсайри ҷаҳон мекард. Чун ӯ ба Озарбойҷон расид, фармон дод, тахте тайёр карданд. Онро дар ҷойи баландтарин баробари нури Офтоб гузоштанд. Шоҳ дар сар тоҷи шоҳӣ бар тахт нишаст. Тобиши Офтоб якҷоя бо нури гавҳарҳои тоҷ равшании Офтобро ду маротиба зиёд кард. Мардум шод шуданд ва он рӯзро Рӯзи нав эълон карданд.
Шоҳ Ҷамшед фармуд, ки одамон бадани худро бишӯянд, либоси идона ба бар кунанд. Ҳоло дар замони мо бо фарорасии Наврӯз мардум хонаҳоро аз чангу ғубор тоза мекунанд. Баъди анҷоми рӯбучин бӯрё, палосу қолин, кӯрпаву болиштро афшонда, ба хона медароранд. Пас аз он соҳибхона ба хона даромаданро иҷозат медиҳад.
Дароянда бо дастовез ба хона даромада мегӯяд:
– Баҳор муборак!
Хонанишинон ҷавоб медиҳанд:
– Ба рӯйи шумо муборак!
Баъди ҷамъ шудани одамон дастархони идона ороста мешавад.
Одамон бо либосҳои тоза ба сайругашт мебароянд. Дар ҷашнгоҳ кабкбозӣ, гӯштигирӣ ва дигар навъҳои варзиш барпо мегардад, садои мусиқӣ ба гӯш мерасад. Аз Наврӯзи ҳазораи нав мардуми тоҷик умеду орзуҳои зиёд дорад. Бигузор, ин ҷашни қадимаву ҳамешаҷавон барои мардуми мо бахту саодат, ҳамдигарфаҳмӣ, рӯзгори нек ва сулҳу салоҳ биорад.
Сардори шӯъбаи коргузори ва назорати Суди иқтисоодии вилояти Суғд
Сайдуллои Пайрав