Вобаста ба вазъияте, ки имрӯз ба амал омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат мубориза бар зидди душманони миллат хиёнаткори, амсоли гуруҳҳову афроди бегонаи ватанфурӯш ва пайравони онҳо мебошад. Зеро давлат аз оғози ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ алайҳи ифротгароӣ бо мақсади таъмини амнияти миллӣ мубориза мебарад. Бадкунии давлатдории дунявии демократӣ аз нуқтаи назари динӣ хатои маҳз аст,ки онро гуруҳҳои муайян дар муборизаҳои сиёсии худ истифода мебаранд. Мутаассифона имрӯз бархе аз ифротгароён, хоинони миллат, ақидаҳои нодуруст ҳадафҳои нопоки худро мехоҳанд аз номи дин амалӣ созанд ва сулҳи ҷомеаро халалдор намоянд. Ин гуна ашхоси хиёнаткор арзиши Истиқлолият, ки волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷик мебошад, қадр намекунанд. Бешак маҳз чунин тамаддуни пешрафта, суннату оинҳои дорои ҷанбаи ҳаётӣ, тафаккури зиндагисоз ва маърифати ақлонии ниёгони мо буд, ки бар зидди чунин душманони миллати тоҷик мубориза бурдаанд.
Бо дарназардошти авлавияти стратегии мубориза бар зидди терроризм ва экстремизми динӣ, ҷомеаи байналмилалӣ ҳамкориҳои худро бо мақсади пешгирӣ ва решакан кардани амалҳои террористӣ тақвият дода, механизми муқобилиятро бар зидди он дар асосҳои ҳуқуқии байналмилалӣ такмил медиҳанд.
«Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст» – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Солҳои охир яке аз мушкилиҳое, ки имрӯз тамоми ҷомеаи муосирро фаро гирифтааст, ин экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроти номатлубу хатарзо мебошад. Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, шаҳрвандони гуногуни дунёро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост. Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд дини мубини Исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд.
Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро он боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.
Бояд ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ барои абадӣ пойдор мондани сулҳу ваҳдат дар ҷомеа ва Истиқлолият дар Ватани азизамон саҳмгузор бошад. Дар замоне, ки гурӯҳҳои ифротгаро ва найрангбоз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷавононро ба ҳар навъ ҳаракатҳои террористӣ ва ниҳоят номатлуб роҳандозӣ мекунанд, вазифаи ҷавонон зиракии сиёсиро аз даст надода, шомил шудан ба ин гуруҳҳоро инкор кардан аст. Бояд гуфт, ки худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва садоқат ба Ватан ибораҳое мебошанд, ки дарки маънии он барои ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ вазифаи ҷонӣ мебошад. Имрӯз худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва садоқат ба Ватан яке аз пояҳои муҳимми давлату давлатдорӣ ба ҳисоб меравад. Чунки давлат бе миллат буда наметавонад ва дар ин баробар миллате, ки худро нашиносад, ба арзишҳои миллии худ эҳтиром надошта бошад, он миллат соҳибдавлат буда наметавонад. Ҳамин ҳисси ватандӯстӣ буд, ки миллати мо ба ҳеҷ як мушкилӣ ва фиребу найранги ашхоси бегона нигоҳ накарда, ваҳдати миллиро дар кишвар пойдор намуд. Аз ин рў, тарғиби ҳамешагии ин мафҳумҳо барои насли ҷавони кишвар аз манфиат дур нест.
Котиби маҷлиси суди
Суди иқтисодии вилояти Суғд Розиқов Б.Б.