Табрикоти раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Матбуот

Posted by

Ҳамасола 11-уми март дар ватани азизамон Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат ҳамаи Шумо – кормандони воситаҳои ахбори омма ва собиқадорони соҳаро бо иди касбӣ табрик гуфта, ба Шумо саломативу сарбаландӣ ва фатҳи қуллаҳои нави эҷодӣ таманно менамоям.

Матбуоти тоҷик дар таърихи 113 солаи худ дар роҳи пешрафт ва ташаккули афкори ҷомеа, тарғибу ташвиқи арзишҳои милливу умумибашарӣ новобаста аз сиёсати замон содиқ буд ва ҳаст. Чароғеро, ки дар он рӯзгор ташаббускорони нахустин нашрияи тоҷикӣ “Бухорои шариф” афрӯхтанд, талоше барои рӯшанӣ андохтан дар рӯзгори аҷдодони мо буд. Ин нашрия роҳеро кушод, ки барои садсолаҳо хизмат хоҳад кард.

Дар Ватани азизамон барои фаъолияти густурдаи матбуот ва умуман воситаҳои ахбори омма фазои созгоре муҳайё гардидааст. Чун бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мо бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёдро мақсади худ қарор додем, аввалин иқдоми роҳбарияти давлати тозаистиқлоли мо фароҳам сохтани заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти воситаҳои ахбори омма буд. Дар ин росто даҳҳо асноди ҳуқуқӣ, аз ҷумла қарору қонунҳо, амру фармонҳо ба тасвиб расиданд, ки тамоми паҳлуҳои фаъолияти расонаҳоро танзим мекунанд. Қабули ин аснод, пеш аз ҳама, ба иродаи қавии сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иртибот мегирад.

Боварии комил дорам, ки кормандони воситаҳои ахбори омма минбаъд низ маводи дорои мазмуну муҳтавои баландро омода ва пешниҳод карда, дар рушду инкишофи ҷомеа, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, инъикоси комёбиҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат ва вусъати корҳои ободониву созандагӣ саҳми арзанда мегузоранд.

Бо чунин ниятҳои нек бори дигар кормандони воситаҳои ахбори оммаро бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик самимона табрику таҳният гуфта, дар фаъолияти эҷодияшон барору муваффақиятро таманно менамоям!