Табрикоти раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи модарон

Posted by

Модарони азиз ва бонувони гиромӣ бо эҳтиром ва самимияти бепоён Шуморо бо фарорасии ҷашни зебои баҳорӣ – Рӯзи модарон сидқан табрику таҳният мегӯям.

            Боиси ифтихор аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо роҳнамоӣ ва таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому манзалати занону модарон дар ҷомеа боз ҳам боло рафта, шароити мусоиди фаъолият ва рушди  онҳо фароҳам гардидааст. Ҳукумати кишвар барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, таъмини ҳуқуқу манфиатҳои бонувон ва ҷалби онҳо ба корҳои давлатӣ, илмӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ пайваста тадбирҳои муҳимро амалӣ месозад.

Бузургтарин Зан-Модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳанддаи насл, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад.

           Бо ифтихор ва шарафмандӣ ба тамоми модарони арҷманд, бонувони гиромӣ ва хоҳарони азизу меҳрубон дар фарҷоми ин суханҳо иброз менамоям, ки ҳамеша саодатманду сарбаланд ва тансиҳату комёб бимонанд.

ИДАТОН МУБОРАК МОДАРОН ВА БОНУВОНИ АЗИЗ!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *