Санаи 27 сентябри соли 2024 дар Суди вилояти Суғд машғулияти семинарии навбатӣ бо иштироки раисон, муовинон, судяҳои Суди вилояти Суғд, Суди иқтисодии вилояти Суғд, судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор гардид.
Дар семинар маърӯзачиҳо оид ба мавзӯҳои “Таъин намудани ҷазо барои маҷмӯи ҷиноятҳо аз рӯи маҷмӯи ҳукумҳо, тартиби таъини ҷазои ниҳоӣ, баррасии парвандаҳои оилавӣ вобаста ба мерос тибқи васиятнома ва қонун, таъинот ва қороре, ки ҳангоми тайёрӣ барои баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қабул карда мешавад, омӯзиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, моликияти хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ), ҳуқуқи аъзои хоҷагии деҳқонӣ ба молу мулк ва тартиби тақсими он ” маърӯза карда, ба саволҳои иштирокчиён ҷавобҳои муфассал доданд.
Дар охир судяҳои суди вилоят вобаста ба мавзӯҳои мазкур хулоса дода, сабабу асосҳои бекоршавии санадҳои судиро гуфта гузаштанд.