Моликияти хоҷагии деҳқонӣ, ҳуқуқи аъзои хоҷагии деҳконӣ ба молу мулк ва тартиби тақсими он

Posted by

Қобили зикр аст, ки аз лаҳзаи ташкили хоҷагии деҳқонӣ ва ба қайди давлатӣ гирифтани он, хоҷагии мазкур дорои ҳуқуқи молу мулки манқул ва ғайриманқул мегардад.

Ҳуқуқи молу мулкии хоҷагии деҳқонӣ ва узви он бояд мувофиқи талаботи Қонуни ҶТ «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» ба қайди давлатӣ гирифта шаванд.

Саҳми замини узви хоҷагии деҳқонӣ бояд алоҳида ба қайд гирифта шуда, аз ҳамин лаҳза узви хоҷагӣ ҳуқуқ ба истифодаи саҳми замин мегардад. (шаҳодатномаи саҳми замин)

Ба молу мулки хоҷагии деҳқонӣ дарахту ниҳолҳо, бино, чорво, парранда, техникаи кишоварзӣ, техникаю таҷҳизоти дигар, воситаҳои нақлиёт, асбобу анҷом ва молу мулки дигар, инчунин ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани он дохил мешаванд.

Самара, маҳсулот ва даромаде, ки хоҷагии деҳқонӣ дар натиҷаи истифодаи молу мулк ва фаъолияти якҷояи аъзои он ба даст меорад, даромади умумӣ ва ё молу мулки ҳиссагии умумии ҳар як узви хоҷагии деҳқонӣ ба ҳисоб мераванд ва дар мувофиқа байни онҳо истифода бурда мешаванд. Тартиби истифодаи якҷоя ё ҳиссагӣ бояд дар шартномаи фаъолияти якҷояи аъзоёни хоҷагии деҳқонӣ пешбинӣ карда шавад.

Агар хоҷагии деҳқонӣ бо саҳми як чанд нафар ташкил гардида бошад, ҳиссаи молумулкии аъзои ҳар як хоҷагии деҳқонӣ, бо ҳуҷҷатҳои таъсисии хоҷагии деҳқонӣ муқаррар карда мешавад.

Аъзои хоҷагии деҳқонӣ молу мулки худро якҷоя соҳибӣ мекунад ва истифода мебарад.

Тартиби соҳибӣ ва истифодабарии молу мулки хоҷагии деҳқонӣ ва номгӯи молу мулки тақсимнашаванда дар шартнома дар бораи фаъолияти якҷояи аъзои хоҷагии деҳқонӣ муайян карда мешавад.

Чи тавре, ки аз таҷрибаи судӣ дида мешавад, ин талаботи қонун аз ҷониби хоҷагиҳои деҳқонӣ риоя нагардида, тартиби истифодаи якҷояи молу мулк, тақсими он, муайян намудани ҳиссаи моликият бо шартнома муқаррар карда намешавад, ки дар натиҷа баҳс байни узви хоҷагӣ ва хоҷагии деҳқонӣ ба миён меояд.

Дар рафти фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ 2 категорияи ҳуқуқи моликият муқаррар карда шудааст: ҳуқуқи моликияти хоҷагии деҳқонӣ (умумӣ) ва ҳуқуқи моликияти аъзои хоҷагии деҳқонӣ (инфиродӣ).

Масъалан, хоҷагии деҳқонӣ ҳуқуқ дорад, ки молики маҳсулоти истеҳсолкарда ва даромади аз фурӯши он бадастоварда бошад, молу мулки шахсони сеюмро муваққатан истифода барад, ихтиёран молу мулки худро суғурта кунад.

Аъзои хоҷагии деҳқонӣ бошад ҳуқуқ дорад, ки дар ҳолати баромадан аз ҳайати хоҷагии деҳқонӣ ҳиссаи молу мулки худро талаб намояд, дар мавриди тақсимнопазирии молу мулки хоҷагии деҳқонӣ ҷубронпулии ҳиссаи худро талаб намояд ва гирад, нисбати ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани он аҳдҳои ҳуқуқи – маданӣ (хариду фурӯш, тӯҳфа, иваз, гарав) банданд.

Новобаста аз он, ки бо қонунгузорӣ ба узви хоҷагии деҳқонӣ ҳуқуқи баромадан аз хоҷагии деҳқонӣ бо таъссиси хоҷагии нав дода шудааст, аммо ҳангоми баромадани узви хоҷагии деҳқонӣ аз ҳайатион, маҳдудият ба ҳуқуқи мустақилонаи истифода намудани қитъаи замин муқаррар гардида, истифодаи саҳми замини аъзо, танҳо баъди анҷом ёфтани соли кишоварзӣ пайдо мешавад. Зеро зироатҳои кишоварзии то давраи баромадани узв аз хоҷаги киштшуда ба моликияти якҷояи хоҷагии деҳқонӣ дохил карда мешавад, агар бо шартномаи фаъолияти якҷоя дигар тартиб муқаррар нашуда бошад.

Ба ҳар як узви аз ҳайати хоҷагии деҳқонӣ баромада арзиши қисми молу мулк мувофиқ ба ҳиссаи узви мазкур бо тартиб ва дар муҳлатҳои дар шартнома оид ба фаъолияти якҷоя пешбинишуда пардохт ё дар шакли асл (натура) иваз карда мешавад.

Қисми молу мулк ё арзиши он, ки бояд ба узви баромада дода шавад, аз рӯи тавозуни (баланси) дар лаҳзаи баромадани ӯ тартиб додашуда муайян карда мешавад. Лекин чи тавре, ки таҷрибаи судӣ нишон медиҳад, ягон хоҷагии деҳқонӣ тавозуни мустақилона тартиб намедиҳад, ки ин баҳсро ба миён меорад, ки баҳсҳои пайдогардида аз ҷониби суд ҳал карда шуда, андоза ва муҳлати пардохти ҷубронпулӣ бо тартиби судӣ муайян карда мешавад.

Агар хоҷагии деҳқонӣ мавриди барҳамдиҳӣ ё азнавташкилдиҳи қарор гирад, дар ин ҳолат ҳам ҳуқуқи моликият ба миён омада, ҳангоми барҳамдиҳӣ ва азнавташкилдиҳии хоҷагии деҳқонӣ молу мулки хоҷагии деҳқонӣ байни аъзои он мутобиқи Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсим карда мешавад ва қитъаи замини хоҷагии деҳқонӣ байни аъзои он мувофиқи саҳми замин тақсим карда мешавад.

Агар хоҷагии деҳқонӣ муфлис эътироф гардад, дар ҳолати муфлисшавии хоҷагии деҳқонӣ, молу мулки пас аз иҷрои уҳдадориҳои хоҷагии деҳқонӣ боқимонда, инчунин қитъаи замини боқимондаи хоҷагии деҳқонӣ байни аъзои он тақсим карда мешавад.

Судяи Суди иқтисодии

вилояти Суғд

Ф.Ҳ. Хоҷазода