Мавзуъ: баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ дар меҳвари Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Posted by

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 28-уми декабри соли 2023 ироа гашт, ки он дастоварду комёбиҳо ва камбудиҳои соли гузашта, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишвар барои давраҳои оянда барномарезӣ карда, ба тамоми соҳаҳои хољагии халқи кишвар, аз он ҷумла баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ рабт дошт. Ҳамасола онро ҳар як сокини мамлакат дар қатори хизматчиёни давлатӣ дар маҷмуъ бо диққат ва таваҷҷуҳи хосса ироаи Паёмро тамошо карда, нақшаҳо, дастуру супоришҳои қайдшударо сармашқи кори худ қарор дода, ҳамчун дастури рӯимизӣ онро дар давоми сол мавриди истифода қарор медиҳанд.

Дарвоқеъ дар Паёми навбатӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки таъмин намудани рушди устувор ва босуръати кишвар танзими ҳуқуқии саривақтӣ ва ҳамаҷонибаро талаб менамояд. Қонунгузорӣ бояд пайваста такмил дода шавад ва ҳамқадами ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бошад. Аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон тамоми саъю кӯшиши худро ҷиҳати бозҳам баланд бардоштан ва ба давлати ҳуқуқбунёд расонидани давлат кӯшиш намоянд.

Дарвоқеъ, дастоварду пешравиҳои то имрӯз ноилшудаи кишвар натиҷаи қонунҳои таҳия ва қабулкардаи парламенти мамлакат мебошад. Бояд гуфт, ки дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад. Дар ин раванд, дар кишвар барномаи сеюми таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ барои солҳои 2020 – 2030 амалӣ шуда истодааст.

Масъалаи дигари муҳим, ки дар низоми ҳуқуқии кишвар нақши калидӣ дорад, таъмини волоияти қонун буда, он меҳвари фаъолияти мақомоти ҳокимияти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад. Таъмин намудани дастрасӣ ба адолати судӣ ва иттилоот оид ба фаъолияти судҳо, муҳокимаи ошкоро ва одилонаи судӣ ба таҳкими қонуният, пешгирӣ кардани содиршавии ҷиноят, эҳтиром ба қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат менамояд. Ҷорӣ намудани технологияҳои муосири электронӣ дар фаъолияти судҳо низ аз ҷумлаи корҳои муҳим мебошад ва бояд дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.

Агар ба моҳияти Паём таваҷҷуҳ намоем, ба назар мерасад, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асоси ҳамаи комёбиҳоро нахуст дар масъулиятшиносӣ мебинад. Аз ин рӯ, таъкид намуданд: “Ҳар яки мо – роҳбарони сохтору мақомоти давлатӣ ва кулли хизматчиёни давлатӣ дар ин ҷода масъулият дорем ва вазифадорем, ки ба халқи азизи Тоҷикистон хизмат кунем”. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мутмаинанд, ки “ҳамаи пешравиҳои зикршуда маҳз бо заҳмати содиқонаву софдилона ва азму талоши ватандӯстонаи мардуми шарифи кишвар ба даст омадаанд”.

Омили асосӣ ва хеле муҳими пойдорӣ, устувории давлат ва кишвари азизи мо ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистон аст. Зеро ин қарзи конститутсионӣ-шаҳрвандии мо ба шумор меравад. Инчунин дарунмояи ҳамаи паёмҳое, ки ҳар сол аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа мегарданд, маҳз ҳамин омил аст. Дар Паёми имсола низ таъкид шуд: “Ҳамаи мо вазифадорем, ки дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ба истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаи башарӣ беш аз ҳар вақти дигар босабру таҳаммул ва муттаҳиду сарҷамъ бошем, тамоми саъю талоши худро ба хотири ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ободии Ватани азизамон ва рушди кишвари соҳибихтиёрамон равона созем”.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус таъкид намуданд: “Тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ҳамаи захираву имкониятҳоро ҷиҳати иҷрои вазифаҳои зикршуда барои соли 2024, ки сиюмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, сафарбар намоянд”. Зеро Конститутсия заминаи ҳуқуқии эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст, инчунин яке аз дастовардҳои муҳимтарини барои давлати мо  мебошад.

Бо назардошти сиюмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Роҳбари давлат пешниҳод намуданд, ки “соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳимми таърихӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад”.

Соли маърифати ҳуқуқӣ ин идомаи мантиқии “Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз “27” ноябри соли 2019, № 599 мебошад. Зеро тибқи банди 5 ва 8 замимаи 2 Барномаи мазкур – амалӣ намудани корҳои тарѓиботию ташвиқотӣ тариқи шабакаҳои телевизион, радио, дигар воситаҳои ахбори омма, шабакаҳои иљтимоӣ ва сомонаҳои расмии мақомоти давлатӣ вобаста ба Конститутсияи Љумҳурии Тољикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Љумҳурии Тољикистон, инчунин дар муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии хонандагон ба роҳ мондани омўзиши Конститутсияи Љумҳурии Тољикистон ва вобаста ба ин гузаронидани маҳфилу чорабиниҳои зарурӣ нишон дода шудааст.

Ҳамин тавр, ҳамаи ин пешниҳод, ташаббус ва супоришҳои мушаххасе, ки дар Паём матраҳ гардиданд, барномаи пешрафти кишвари мо дар оянда ба шумор мераванд. Зеро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни таҳлили дастовардҳо ва камбудиҳои ҳар соҳаи ҳаётан муҳим роҳи тараққиёти мамлакатро дар оянда муайян намудаанд.

Дар охир, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳисси боварии комил таъкид доштанд: “Ман ба ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси гарми ватандӯстӣ, нияти неку азми қатъӣ ва саъю талоши созандаи мардуми шарафманди Тоҷикистон эътимоди комил дорам”.

Аз ин рӯ, биёед бо боварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон савозор бошем ва тамоми саъю талоши худро ба хотири истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлату миллат ва ободии Ватани азизамон равона созем”.

Судяи Суди иқтисодии вилояти Суғд

Эмомализода  Навруз Эмомалӣ