Бо кору фаъолияти аҳлона Ватанамонро обод месозем!

Posted by

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат дар замоне ироа гардид, ки мардуми сарбаланди мо ба ҷашни умумимиллии 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии ҳамаҷониба дида истодаанд.

Тавре дар оғози ин Паём зикр гардид, «Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид.

Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд.

Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд.

Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард сомонӣ равона карда шуд, ки нисбат ба соли 2022-юм 5,3 миллиард сомонӣ зиёд мебошад».

Дарвоқеъ, Паёми навбатии Президенти мамлакат тамоми мавзуъҳои муҳими ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва ҷамъиятии халқи Тоҷикистонро дар бар гирифта, таҳлил ва дастуру супоришҳои дар он баёншуда роҳи ҷомеаро барои расидан ба ҳадафҳои минбаъда ҷиҳати пойдориву устувории Ватан ҳамвор хоҳад кард.

Тавре Роҳбари давлат дар ин Паёмашон иброз доштанд, «ҷиҳати амалисозии солҳои 2022-2026 – Солҳои рушди саноат давоми ду соли охир дар мамлакат беш аз 1200 коргоҳу корхонаи нави истеҳсолӣ бо 11 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шуд. Танҳо соли 2023 дар қаламрави мамлакат 729 корхонаи нави саноатӣ ба истифода дода шудааст. Соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба соли 1992-юм 4,6 баробар афзоиш ёфта, ба зиёда аз 46 миллиард сомонӣ расонида шуд. Танҳо дар ҳафт соли охир ин нишондиҳанда 2,4 баробар зиёд гардидааст».

Дар баробари ин Сарвари давлат ҳушдор доданд, ки «бо вуҷуди ин, дар раванди саноатикунонии босуръати мамлакат якчанд масъалаҳои ҳалталаб, аз қабили фарсудашавии таҷҳизот, сатҳи пасти рақобатнокии маҳсулот ва гуногунсамтии он, норасоии маблағҳои гардони корхонаҳо ва кадрҳои баландихтисос вуҷуд доранд».

Ҳамзамон, таъкид карданд, ки «…соли равон содироти маҳсулоти саноатӣ тамоюли коҳишёбӣ пайдо намудааст».

Вобаста ба камбудиҳои ҷойдошта Пешвои миллат ба вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дар тақвияти ин суханон гуфтан зарур аст, ки рушди саноат ва инноватсия яке аз омилҳои муҳимтарини баландбардории сатҳи некуаҳволии мардум ба ҳисоб рафта, он имкон медиҳад, ки сарчашмаҳои иловагии даромади буҷети давлатӣ пайдо гардида, аҳолӣ бо ҷойҳои нави корӣ таъмин шаванд.

Аз ин нуқтаи назар бояд таваҷҷуҳи соҳибкорон ба рақобатпазир сохтани молҳои истеҳсолӣ ва ба талаботи бозори ҷаҳонӣ мувофиқ намудани маҳсулот бештар ҷалб гардаду аҳамияти афзоиш додани содирот ва кам намудани воридот дар пешрафти иқтисод ва баланд гаштани сатҳи некуаҳволии ҷомеа ҳамаҷониба дарк шавад. Соҳибкорон бояд аз моҳияти Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025, Барномаи дастгирии давлатӣ ва рушди бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар барномаҳои дар самти саноат ва иқтисод тасдиқшуда ба таври васеъ бархурдор бошанд, аз имтиёзҳои дар Паёмҳои ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшаванда ҳарчи бештар истифода баранд, мардум аз имконияти кор бо лоиҳаҳои гуногун ва ҳавасмандсозии пайваста ҷиҳати вориднамоии техникаву технологияҳои муосир истифода баранд.

Маврид ба зикр аст, ки дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат» ва «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» айни замон дар чандин мавзеъҳои мамлакат ташаккули минтақаҳои саноатӣ идома дошта, панҷ минтақаи озоди иқтисодӣ фаъолият менамоянд.

Дар маҷмуъ, Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бо нусрату пайғоми нав ба мардум пешниҳод гардида, бо меҳнати софдилонаи халқи тоҷик зина ба зина амалигардонии ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати мамлакат имкон медиҳад, ки рушди устувори соҳаи саноат ҳамчун тавлидкунандаи арзиши баланди иловашуда таъмин гардида, дар ин раванд даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил шаванд.

Дар интиҳои Паёми навбатӣ Пешвои миллат дар муроҷиат ба сокинони ҷумҳурӣ аз онҳо даъват ба амал оварданд, ки «…биёед, табиати Тоҷикистони биҳиштосоямонро ба гулистон табдил диҳем, ободӣ ва тозагиву озодагиро аз ҳар хонаву кошона сар карда, то деҳоти дурдасттарин вусъат бахшем, тамоми қаламрави Ватанамонро хурраму сарсабз гардонем ва соҳиби фарҳангу тамаддуни бостонӣ будани худро ба ҷаҳониён собит намоем.

Ман ба ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси гарми ватандӯстӣ, нияти неку азми қатъӣ ва саъю талоши созандаи мардуми шарафманди Тоҷикистон эътимоди комил дорам.

Бо итминон изҳор менамоям, ки мо ҳама якҷо бо кору фаъолияти аҳлона Ватани азизамонро, хусусан, то ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии истиқлоли давлатӣ ободу зебо месозем, давлати соҳибистиқлоламонро пешрафта мегардонем ва эътибору обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардорем».

Судяи Суди иқтисодии вилояти Суғд

Давлатзода Толиб Шариф