Ҳуқуқи инсон  дар замони соҳибистиқлолии кишвар

Posted by

Тоҷикистон роҳи нави инкишофу тараққиётро аз лаҳзаи ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба худ боз намуд. Ҳамчунин аз ҷониби узвияти созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ истиқлоли Тоҷикистони ҷавон эътироф гардид.

Дар ин радиф аксарияти санадҳои байналмилалии соҳаи ҳуқуқи инсон ба тасвиб расонида шуданд ва як қисми он ҳамчун тавсия аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба хуби пазируфта шуданд.  Аз он ҷумла, Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъизи нажодӣ, Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбат ба занон, Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф, Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак, Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи ҳимояи ҳуқуқи ҳамаи коргарони муҳоҷир ва аъзои оилаҳои онҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқи байниналмилалиро шаҳодати гуфтаҳо мебошад.

Яке аз онҳо ин Эъломияи умумии ҳуқуқи башар мебошад, ки санаи 10 декабри соли 1948 қабул гардидааст. Тибқи моддаи 3 ва7-и он “Ҳap як инсон ба ҳаёт, озоди ва дахлнопазирии шахсӣ ҳақ дорад”, “Ҳамаи одамон дар назди қонун баробаранд ва бидуни ҳеҷ як тафовут ба ҳимояи баробари ҳуқуқҳуқуқи ҳақ доранд”.

Бояд гуфт, ки дар даврони соҳибистиқлоли принсипҳои муҳими сиёсати давлату ҳукумати мамлакат дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла, арзиши олӣ эътироф намудани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ, дар пайравӣ ба принсипҳои умумиэътирофшудаи ҳуқуқи инсон, иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар ин самт ва рушди муносибатҳои байналмилалӣ ин соҳа тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ташаккул ёфтанд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ, Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ҳифзи ҳуқуқ ва озодии инсонро яке аз самтҳои асосии фаъолияти худ қарор дода, онҳоро ба дараҷаи олӣ эътироф ва дар Конститутсия муқаррар намуд. Дар қонунии асосии мамлакат ба монанди Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазир дониста шуда, дарҷ гардид, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.

Инчунин дар самти риояи ҳуқуқи озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар мамлакат Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ, Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак, Комиссияи байниидоравии муқовимат ба савдои одамон аз ҷумлаи корҳое мебошанд, ки раванди риоя, ҳифз, ҳимоя ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва амалисозии уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон таъсис дода шуданд, ки дар ин самт иҷрои санадҳои болозикри байналмилалиро ҷоннок намудаанд. Таъсис додани чунин Комиссияҳо аз ҷумлаи корҳое мебошанд, ки раванди риоя, ҳифз, ҳимоя ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва амалисозии уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистонро дар ин самт ҷоннок намудаанд.

Дар маҷмуъ, ҳамаи ин тадбирҳо танҳо дар шароити озодӣ ва оромию осудагӣ амалишаванда мегардад ва чунин шароитро танҳо Истиқлолияти давлатӣ муҳайё карда метавонад. Бинобар ин, Истиқлолиятро дар маънои том озодӣ, оромӣ ва донаи умеди дурахшон ба рушди оянда гуфтан мумкин аст. Аз ин рӯ, ин неъмати арзишнокро ҳифз ва ба қадри ин дастовард расидан мебояд.  

Судяи Суди иқтисодии

вилояти Суғд                                                                                         Эмомализода Н.Э.