Конститутсия-Санади муқаддас ва сарнавиштсози миллат – Судяи Суди иқтисодии вилояти Суғд Ниёззода М.

Posted by

6-уми ноябри соли 2023 мардуми шарифи Тоҷикистон 29-умин солгарди Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро ҷашн мегиранд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида ба таърихи инкишофи давлатдории шӯравӣ дар Тоҷикистон хотима гузошта, роҳи рушди комилан навро оғоз намуд. Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти давлатии моро мустаҳкам намуда, барои эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд заминаи муҳими сиёсию ҳуқуқӣ фароҳам овард. Асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, салоҳияти мақомоти олии кишварро бо назардошти арзишҳои умумибашарӣ ва миллӣ муайян кард. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон ба шумор меравад.   

Ҳар як давлат бо дарназардошти шароити таърихӣ, захираҳои иқтисодӣ, молиявӣ, меҳнатӣ, энергетикӣ ва хусусиятҳои осори фарҳангии худ пеш меравад. Таъмини пешрафти ҷомеа дар заминаи шароити хусусиятҳои маҳалливу миллӣ қабул ва такмили қонунгузории миллиро талаб мекунад.

Дар чунин будани ҳолат зарурият ба тағйиру иловаҳои Конститутсия ба миён омад, ки санаҳои 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 20 майи соли 2016 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид гардид. Ин тағйиру иловаҳо бо дарназардошти дигаргуниҳои куллии ҳаёти ҷомеа, инкишоф ва тағйир ёфтани муносибатҳои нави ҷамъиятӣ, зарурияти такмили сохтори мақомоти ҳокимияти давлатӣ ба вуқӯъ пайвастант. 

      Бояд тазаккур дод, ки Конститутсия ба сифати қонуни олии кишвар дар шакли муайян таҳия шуда, аз суботу устувории махсус бархурдор мебошад.

Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон халқ аз нигоҳи сиёсӣ воҳиди ҳуқуқии дохилидавлатӣ ва ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад, зеро он баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ аст. Конститутсия Қонуни асосии давлати Тоҷикистон аст, ки дар он таҷзияи ҳокимият ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ, тартиби ташкил, салоҳият ва мувозинати байни мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ ифодаи қонунӣ ёфтаст.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санадест, ки сохтори давлатии Тоҷикистон тавассути он бо роҳи таҳкими арзишҳои бунёдӣ ба худ шакли муайян мегирад.

Ҳамин тариқ Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сарчашмаи қонунгузории мамлакат ва заминаи асосии рушди муносибатҳои ҳуқуқӣ дар таҳкими рукнҳои давлатдории навини тоҷикон, яъне бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона нақши устувор дорад.