Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» имрӯзҳо ҳамчун як барномаи мукаммали як ва якчандсолаи ҳаёт ва фаъолияти минбаъда аз Сарвари давлат, кормандони тамоми мақомоти давлатӣ ва механизми давлат, инчунин ташкилоту муассисаҳо, то ба шаҳрвандон ва кӯдакони хурдсолро муайян менамояд, зеро Сарвари давлат дар он ба таври мушаххас ва ошкоро тамоми самтҳои ҳаракати ҳокимияти давлатӣ, мақомоти давлатӣ, корхонаву ташкилотҳои дигар, тадбирҳо ва пешниҳодҳоро баҳри ба давлати иҷтимоӣ, демократӣ ва аз лиҳози иқтисодӣ пешрафта мубаддал кардани мамлакат нишон медиҳанд.
Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 23-уми декабри соли 2022 ироа гашт, ки он дастоварду комёбиҳо ва камбудиҳои соли гузашта, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишвар барои давраҳои оянда барномарезӣ карда, ба тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар рабт дошт.
Қобили зикр аст, ки дар соли ҷорӣ аз ҷониби судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди иқтисодии вилояти Суғд ҷиҳати омӯзиш ва фаҳмонидани муҳтавои Паёми навбатии Сарвари давлат ба корхона, муассиса ва ташкилот як қатор корҳои назаррас анҷом дода шудааст. Аз он ҷумла, тибқи нақшаи чорабиниҳои вобаста ба иҷрои вазифаҳои аз Паём бармеомада барои нимсолаи 1, аз ҷониби судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди иқтисодии вилояти Суғд ҳамагӣ зиёда аз 60 вохӯрӣ 2 адад симо, 8 адад садо, 5 рӯзнома ва 2 адад дар сомона мақолаҳо ба нашр расидаанд. Илова бар ин, дар асоси Қарори Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷроиши вазифаҳои аз Паём бармеомада идома дода шуда, дар Суди иқтисодии вилояти Суғд барои нимсолаи дуюми соли 2023 Нақшаи чорабиниҳо тасдиқ карда шудааст. Тибқи он ҳамаи корҳои дар нимсолаи якум мавҷудбуда аз ҷониби судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди иқтисодии вилояти Суғд ҳамчун шахсони мансабдори давлатии ҳокимияти давлатӣ ва хизматчиёни давлатӣ идома дода шуда, муҳтавои Паём ба тамоми қишрҳои ҷомеа расонида хоҳад шуд.
Ҳамин тавр, ҳамаи пешниҳодҳо ва ташаббусҳои андешидаи наҷибонае, ки дар Паём аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садо доданд, ба сарсабзии диёри аҷдодӣ ва пешрафту некӯаҳволии рӯзгори мардуми тоҷик мусоидат менамоянд. Дар ин замина, Паёмҳои Роҳбари давлат ба Маҷлиси Олӣ чун дастури рӯйимизии ҳар хизматчии давлатӣ, дар дили ҳар як сокини кишвар шуълаи умедро ба ояндаи дурахшон фурӯзон намуда, ба кас эътимоду боварӣ мебахшад, ки кишвари мо новобаста аз вазъи мураккаби сиёсию иқтисодии ҷаҳони муосир таваҷҷуҳи худро ба беҳбуд бахшидани зиндагии мардум сол ба сол зиёдтар намуда, кафолати ҳаёти осоишта ва сулҳу амниятро таҳким мебахшад.
Судяи Суди
иқтисодии вилояти Суғд Эмомализода Н.Э.