Кумак ба шахсони ниёзманад дар рӯзҳои ид.    

Posted by

Дар партави иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии шахсони ниёзманд дар сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  самти муҳим буда, дар тамоми қаламрави мамлакат гурӯҳои зикршудаи аҳолӣ  баҳраманд мегарданд.

Имрӯз аз тарафи кормандони Суди иқтисодии вилояти Суғд бахшида ба 32 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таълимгирандагони Интернати назди Муассисаи таълимии ноҳияи Спитамен дастархони идона ороста шуд.

Ҳамчунин ба кормандони дастгоҳи Суди иқтисодии вилояти Суғд низ кумакҳои моддӣ расонида шуд.