Маҷлиси ҳафтаинаи суд

Posted by

Имрӯз дар Суди иқтисоди вилояти Суғд маҷлиси навбатии ҳафтаина баргузор гардид. Раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд Мирзозода П.Т. доир ба масъалаи рӯзномаи маҷлис баромад намуд.

Сипас ба судяҳо ва котибони маҷлиси судӣ дастур доданд, ки ҳангоми таҳия намудани санадҳои судӣ, протоколҳои маҷлиси судӣ ва варақаҳои иҷро ба камбудиҳо роҳ надода, онҳоро бо риояи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ санҷида, ҷобаҷогузории пайдарҳамии ҳуҷҷатҳоро ба роҳ монда, парвандаҳоро ба шуъбаи коргузорӣ ва назорат супоранд.

Ба судяҳо ва кормандони дастгоҳ дастур дода шуд, ки ҷиҳати амалӣ намудани Стратегияҳои давлатӣ ва Барномаҳои давлатӣ корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ васеъ ба роҳ монда шуда, барои риояи қатъии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», пешгирии гаравидани ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҳамкорӣ бо матбуоти даврӣ ва дигар васоити ахбори омма, аз ҷумла садо, симо, рӯзнома, сомона ва ғайра ҷоннок карда шавад.

Дар охир судяҳо ва кормандони дастгоҳ вазифадор шуданд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, аз амалҳои коррупсиони худдорӣ намуда,  сидқан вазифаҳои худро иҷро намоянд.