Табрикоти Раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Posted by

Истиқлолият муқаддастарин ва бузургтарин дастовард барои халқи шарафманди Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Маҳз истиқлолият имконият фароҳам овард, ки мардуми Тоҷикистон тақдири худро ба даст гирифта, роҳи пешрафти минбаъда ва сарнавишти ояндаи хешро мустақилона интихоб намоянд.

Имрӯз аз баракати истиқлол миллатеро бо номи тоҷик ва кишвареро бо номи Тоҷикистон мардуми сайёра мешиносад ва дар арсаи ҷаҳонӣ мақоми хосаеро дорост.

Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии худро эълон кард ва бо ин саҳифаи наве дар ҳаёти мардуми мо кушода шуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо ба он ишора мекунанд, ки « …касе омада мулку кошонаи моро обод намесозад. Завқу муҳаббати баланди мо наҷотбахши мо ва омили бунёдкории мо мешавад». Таъбири боло беҳтарин даъвату садо барои баланд гаштани муҳаббати ватандорист.

32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ба мардуми кишвари соҳибистиқлол самимона табрик гуфта, ба онҳо солимиву зиндагии осуда ва ба кишвари азизамон сулҳу суботи абадӣ, ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва пешрафту тараққиёти рӯзафзун орзӯ менамоям.

Аз суханони шоир гуфтаниям:

    Шукри истиқлолу сарвар мекунем,

Шукри ободии кишвар мекунем.
   
Шукри он зоте, ки моро ҳаст кард,

Шукри бому хонаву дар мекунем.

Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон муборак!

Раиси Раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд Мирзозода П.Т.