Ваҳдат бақои миллат!

Posted by

Ваҳдат-беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди миллат, нумӯи даврон ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст. Танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгорӣ мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ меорад. Ба ақидаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медихад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравард гардид, мо ҳаргис роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад». Сулҳу ваҳдат ибораҳоянд, ки ҳамеша дилчаспу дилнишин ва бо аҳли шево садо дода, бевосита шунавандаро ба фикр кардан водор месозанд. Сулҳ-оштиву фарзонагӣ, якдигарфаҳмӣ ва толиби осоиштагӣ будани мардумро таҷассумгар аст. Ваҳдат бошад ба ҳам омадан, сар аз як гиребон бурун овардан, ҳамдигарфаҳму поктинату миллатдӯст будан.

Миллати сарбаланди мо хуб дар ёд дорад, ки давлати тозаистиқлоли мо дар оғози солҳои 90-уми қарни гузашта ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор шуда, тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ фалаҷ гардид ва давлатро буҳрони амиқи сиёсӣ фаро гирифт. Чунин вазъи пурфоҷиа хатари заволи давлат ва парокандагии миллатро пеш оварда буд. Вале, хушбахтона, бо такя ба сабақҳои таърих ва хиради мардуми фарҳангсолори тоҷик, талошхои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милли – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон ба халқи тоҷик муяссар шуд, ки дар муддати кӯтоҳ пеши роҳи низоъи даҳшатноки дохилиро гирад, барои интихоби низоми давлатдории муосир ва рушди мамлакат заминаи мусоид фароҳам оварад.

Мардуми соҳибмаърифату сулҳҷӯи мо таҳти парчами ваҳдату ягонагии миллат ба ҳам омада, ваҳдати миллиро ҳамчун шарти асосии пешрафти ҷомеа пазируфтанд ва барои ҳифзу таҳкими ин арзиши гаронбаҳо то ба имрӯз бо камоли ғайрату матонат азму талош варзида истодаанд.

  Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии Тоҷикистон ҷонибдории мамлакатҳои ҳамзамони берунмарзи мавқеву мақоми онро дар миқёси ҷаҳон овозадор менамояд. Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Миллали Муттаҳид ва бисёр ташкилотхои олам гардидааст. Худшиносӣ ва худогохии миллӣ гуё пандест аз гузаштаи дурру пешрафти маънавиёти кишвар. Танхо бо рохи вахдат, якдигарфахмӣ истиқлолияти кишварро мухофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.

Отаҷонзода Мадина Отаҷон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *