Пешвои миллат Призиденти Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомал Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурӣ» 21 декабр соил 2021 ироа намуда қайд карданд ки мову шумо хуб дарёд дорем, ки даҳсоли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд. Инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф шуда, халқ чун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон гардид. Шаклҳои гуногуни моликият асоси иқтисодиёти тоҷикистон эътироф гардида, фаъолияти озоди иқтисодиӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқи соҳибмулки кафолат дода шунд. Тибқи сиёсати башардустона ва фармони Президенти мамлакат «Дар бораи боз доштани ҷазои қатл» аз 30 апрели соли 2004, ки дар заминаи он қонуни дахлдор қабул карда шуд, ба ҷазои қатл ва иҷрои он дар кишвар мараторий эълон гардид. Илова бар ин, дар даврони истиқлолият 17 маротиба Қонун дар бораи авф қабул ва нисбат ба 170 000 нафар татбиқ гардида, онҳо аз адои ҷазо озод карда шудаанд. Аз ҷумла 7 сентябри соли 2021 бамуносибати ҷашни 30 –солагии Истиқлоли давлатӣ Қонуни авф қабул карда шуд, ки тибқи он 11 500 нафар аз ҷавобгрии ҷиноятӣ ва адои ҷазо озод гардид. Дар бист соли охир рушди миёнасолаи иқтисодиёт дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакт аз 1,8 миллиард сомони соли 2000-ум то 95 миллиард сомонӣ дар соли 2021 ва даромади Буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонӣ ба 28 миллиард сомонӣ расонида шуд. Яъне, маҷмуи маҳсулоти дохилӣ қариб 53 баробар ба Буҷаи давлатӣ 111 баробар зиёд гардида, ҳаҷми маҷмӯӣ маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ беш аз 30 баробар афзоиш ёфт. Бо мақсади расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ дар даврони соҳибистиқлолӣ 287 неругоҳи барқи обӣ хурду бузург, 1,5 ҳазор километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддати барқӣ бунёду таҷдид ва дар маҷмуъ 75 фоизи инфрасохтори энергетикии кишвар аз навсозӣ гардид. Дар ин давр мо беш аз 2000 мегаватт иқтидорҳои энергетикии иловагӣ бунёд кардем. Дар натиҷа соли 2011 дар таърихи нави Тоҷикистон системаи ягонаи энергетикӣ ба вуҷуд оварда шуд ва устувории фаъолияти соҳа таъмин гардид. Бо мақсади расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ дар даврони соҳибистиқлолӣ 287 неругоҳи барқи обӣ хурду бузург, 1,5 ҳазор километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддати барқӣ бунёду таҷдид ва дар маҷмуъ 75 фоизи инфрасохтори энергетикии кишвар аз навсозӣ гардид. Дар ин давр мо беш аз 2000 мегаватт иқтидорҳои энергетикии иловагӣ бунёд кардем. Дар натиҷа соли 2011 дар таърихи нави Тоҷикистон системаи ягонаи энергетикӣ ба вуҷуд оварда шуд ва устувории фаъолияти соҳа таъмин гардид. Дар замони соҳибистиқлоӣ дар кишвар 173 муассисаи таълимии типи нав – литсей гимназияи, мактаб Президентӣ, мактаби байналмилалӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат, инчунин 196 муассисаи таҳсилоти то мактабӣ ва умуми хусусӣ бунёд гардида, ба истифода додашудаанд. Дар ин муассисаҳо 150 ҳазор нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Мулоқоту вохуриҳо бо сокинони Ҷамоат деҳоти “Сарбанд”-и н.Спитамен аз ҷониби Судяи Суди иқтисодии вилояти Суғд Гулзода С.С., оиди расонидани нуқтаҳои асосии Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 21.12.2021 сол.
Posted by