Баёни андешаву пешниҳодҳои созанда

Posted by

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат дар замоне ироа гардид, ки мардуми сарбаланди мо ҷашни воқеан умумимиллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро бо омодагии ҳамаҷониба таҷлил намуданд.

Дар оғози ин Паём чунин зикр гардид: «Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад».

Дарвоқеъ, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ мо ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем. Дар ин замина, Пешвои миллат дар Паёмашон, ки аз таҳлили мушаххаси 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ шурӯъ гардид, дар баробари ваз­ниниҳои аввали солҳои соҳибистиқлолӣ ва роҳандозӣ намудани чорабиниҳо барои ба эътидол овардани вазъияти сиёсии мамлакат, ҳамчунин ба нақши иҷ­лосияи таъ­рихии XVI-уми Шӯрои Олӣ баҳо дода, дар ин раванд аз қабули Конститутсияи ҷумҳурии тозаистиқлол ва нақши он дар ислоҳоти минбаъдаи конститутсионӣ ёдоварӣ карданд. Роҳбари давлат дар идома чунин тазаккур доданд: «Баъди барқарорсозии ҳокимияти конс­титутсионӣ зарурати қабули Конститутсияи нав ба миён омад, то асосҳои бунёдии ҷомеа, шакли идораи давлат ва дигар арзишҳои давлатдорӣ муайян карда шаванд.

Шашуми ноябри соли 1994 аввалин маротиба дар таърихи Тоҷикистони соҳибихтиёр Конститутсия, яъне санади сарнавиштсоз бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ қабул гардид ва минбаъд дар асоси он мо ба ислоҳоти конститутсионӣ оғоз кардем.

Дар моддаи якуми ин ҳуҷҷати тақдирсоз сохти давлатдории навини тоҷикон муайян карда шуд ва Тоҷикистон бо иродаи мардум давлати соҳҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон гардид.

Дар асоси Конститутсия парламенти касбии дупалатагӣ, Қувваҳои Му­саллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои ҳо­ки­мияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ, яъне шохаҳои алоҳидаи ҳо­кимияти давлатӣ таъсис дода шуданд.

Дар заминаи Конститутсия минбаъд Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ ҳамчун рамзҳои давлатдорӣ тасдиқ гардиданд.

Инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф шуда, халқ чун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон гардид.

Шаклҳои гуногуни моликият асоси иқтисодиёти Тоҷикистон эътироф гардида, фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқи соҳибмулкӣ кафолат дода шуд».

Доир ба ҷиҳати инсондӯстона доштани Паём низ нуктаҳои ҷолиби диққат зикр карда шуд. Сарвари давлат дар Паёми навбатиашон дар заминаи Конститутсия ба роҳандозии сиёсати башар­дӯстона дахл карда, дар бораи фармон аз 30 ап­рели соли 2004 «Дар бораи боздоштани татбиқи ҷазои қатл», 17 маро­тиба қабул кардани қонун дар бораи авф ва нисбат ба 170 000 нафар тат­биқ гар­дидану аз адои ҷазо озод карда шудани онҳо, аз ҷумла 7 сент­ябри соли 2021 ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ қабул намудани Қонуни авф ва аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои ҷазо озод гар­дидани 11 500 нафар, чор маротиба қабул намудани қонун оид ба авфи шаҳр­­вандон ва шахсони ҳуқуқии мамлакат бинобар қонунигардонии маб­лағҳо ва молу мулкашон ибрози андеша намуданд.

«Дар ин давра барои гузариш аз иқтисоди маъмуриву банақшагирӣ ба низоми нави муносибатҳои иқтисодӣ, яъне иқтисоди бозаргонӣ ислоҳоти фарогир амалӣ карда шуд.

Ҷиҳати барқарор сохтани низоми фалаҷшудаи идораи давлатӣ, оғоз намудани раванди барқарорсозии баъдиҷангӣ, амалӣ гардонидани дигаргунсозиҳои сохторӣ ва минбаъд таъмин намудани гуногуншаклии моликият, фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкориву сармоягузорӣ, ташаккул додани низоми миллии буҷету андоз ва пуливу қарзӣ, рушди соҳаҳои воқеии иқтисод ва инкишофи бахши иҷтимоӣ бисёр тадбирҳои самарабахш амалӣ карда шуданд», – таъкид намуданд Пешвои миллат дар ин Паёмашон.

Дар интиҳои ин матлаби хеш қайд менамоем, ки мардуми сарбаланди кишвар аз Паёми навбатии Пешвои миллат ва даъватҳояшон барои созандагиву ободкорӣ боз ҳам рӯҳбаланд гардида, бо дилу нияти пок ва азму ғайрати дучанд барои сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пештара дида бештар саъю талош менамоянд.

Ба таври хулоса метавон гуфт, ки он андешаву пешниҳодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ин Паёмашон баён гардиданд, махсусан эълони солҳои 2022-2026 чун «Солҳои рушди саноат» ба сифати барномаи миёнамуҳлати рушди Тоҷикистон ва дурнамои мақсаднок барои некӯаҳволии миллату давлат аст. Зарурати амалисозии онҳо барои рушду нумӯи миллату давлат талаби давру замон мебошад, ки барои беҳбуд бахшидан ба манфиатҳои ҳаётан муҳим ва афзалиятнокии онҳо равона карда шудаанд.

Давлатзода Толиб Шариф,

судяи Суди иқтисодии вилояти Суғд

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *