Fояи ҳамгироӣ раванди бебозгашт аст!

Posted by

Ба шарофату талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 июни соли 1997 санаде ба тасвиб расид, ки рамзи ваҳдату ҳамбастагии кулли тоҷикистониён буда, аз сулҳу оштӣ, ҳамгироии тамоми қишрҳои ҷомеа ба ҷаҳониён башорат дод.

Имконият дод, ки фазои ороми Ватан ва суботи ҷомеа барқарор, ояндаи неки фарзандон таъмин гардида, Тоҷикистон ва мардуми он ба кулли ҷаҳониён ҳамчун миллати сулҳхоҳу сулҳдӯст муаррифӣ шавад. Имрӯз дар пасманзараи таҳаввулоти сиёсии минтақа ва ҷаҳон давлати Тоҷикистон ва миллати тоҷик дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати сулҳпарвар муаррифӣ шуда, таҷрибаи сулҳи тоҷикон барои дигар кишварҳои ҷаҳон дарси ибрат гардид.

Тӯли ин солҳо дар Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат баҳри таҳкиму тақвияти Ваҳдати миллӣ, пояҳои истиқлолият корҳои зиёде ба анҷом расонида шуданд. Имрӯзҳо самтҳои асосии фаъолияти Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ташаккули асосҳои қонунгузорӣ барои гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ ва сиёсӣ, қабули стратегияи сарнавиштсоз оид ба такмили идоракунии давлат ва рушди иҷтимоӣ-иқтисодии ҷумҳурӣ ва ба ин васила, таҳким бахшидан ба Ваҳдати миллӣ нигаронида шудааст. Бо шарофати сиёсати оқилонаи роҳбарияти кишвар таҳкими ғояи Ваҳдати миллӣ ба яке аз самтҳои асосии сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон табдил ёфтааст.

Дар Паёму суханрониҳои худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҳадафҳо ва самтҳои асосии марҳалаи имрӯзаи рушди давлатдории тоҷикон ибрози ақида намуда, борҳо таъкид сохтаанд, ки ҳадафи асосии давлатдории миллӣ ин ҳифз ва таҳкими давлатдории миллӣ, таъмини амнияти кишвар, нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеа, густариши фарҳанги сулҳ ва амиқ гардондани пояҳои ваҳдату ризоияти миллӣ ҳамчун дастоварди нодири мардуми Тоҷикистон мебошад.

 Дар ин раванд сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар, бахусус, хокимияти судиро зарур аст, ки бештар аз ҳама дар ҳифзи арзишҳои Истиқлолияту Ваҳдати миллӣ фаъол бошанд. Бояд нақш ва мавқеи мақомоти судии кишвар ҷиҳати таъмини адолати томи иҷтимоӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои мардум, муассисаю корхона ва ташкилоту созмонҳо бояд хеле бузург бошад.

Раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд Сулаймон ҚОСИМЗОДА

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *