Дар Суди иқтисодии вилояти Сугд бо иштироки роҳбарият ва кормандони дастгоҳи суд-машварат баргузор гардид.
Семинар машваратро раиси суд Қосимзода С.С. огоз намуда кайд намуданд, ки қабули Конуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва чашну маросимхо дар Ҷумхурии Тоҷикистон», ки бо ташаббуси бевоситаи Ҷаноби Оли, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вуқўъ пайваст, воқеан дар таърихи қонунгузории кишвар ҳодисаи бемислу хотирмон буда, иқдоми навбатии давлати тозаистиқлол дар бунёди чомеаи шахрвандию давлати ҳуқуқист, ки заминаи онро арзишхои миллӣ ва дини ташкил медиҳанд. Бо қабули Конуни мазкур давлати мо ба танзими мухимтарин рукнхои ҳаёти иҷтимоӣ, анъана ва маросимҳои миллию дини рў оварда, барои мувофиқ намудани баргузории онҳо ба манфиати иқтисодӣ, устувории ҳаёти иҷтимои ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон амали бениҳоят хайреро анҷом дод.