Вахдат кафолати саодати миллат аст

Posted by

Вахдат кафолати саодати миллат аст

 Истиқрори  сулҳу  субот  ва Вахдати миллӣ дастоварди бузург ва таърихии мардуми Тоҷикистон мебошад ва он пеш ҳама ягонагии тамоми қишрҳо, ниҳодҳо ва нерӯи сокинони кишварро таъмин менамояд. Дарки  зарурати Вахдати милли аз сатҳи баланди шуур ва фарҳанги сиёсии сокинони кишвар вобаста аст. Арзиши оли ва ягонагии милли  барои ҳар як сокини ҷумҳурӣ дӯстию  рафоқати  байни  миллатҳои  гуногун ба ҳисоб меравад. Ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба ҳам омадани  ҳизбҳо, иттиҳодияҳои  ҷамъиятӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва кулли сокинони кишварро  новобаста  аз  дин, мазҳаб, ҷинс, синну сол, мансубият ба иттиҳодияҳою  сохторҳои  гуногун  суръат бахшид. Ин  санади сарнавиштсози  миллї тавонист фазои орому осударо дар кишвар таъмин созад.

Дар  бораи  аҳамияти Созишномаи умумии  истиқрор   сулҳ ва ризоияти миллӣ Сарвари давлат таъкид намудаанд: «Созишномаи умумӣ аз лиҳози аҳамияти фавқулодаи худ бо Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад.  Агар  Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт».

Воқеан, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти милли аз ҷиҳати мавқеъ ва аҳамияти бузурги худ бо Эъломияи истиклолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамрадиф аст. Агар ба имзо расидани Эъломия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлолият ва соҳибихтиёриро дода бошад, пас Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ сулҳу субот ва Вањдати   сартосариро дар кишвар таъмин намуд.

Дастовард ва натиҷаҳои  сулҳи тоҷикон аз тарафи созмонҳои байналмилалӣ, доираҳои илмӣ ва сиёсии кишварҳои ҷаҳон мавриди омӯзиш қарор гирифта, он ҳамчун падидаи нодир ва боарзиш дар таърихи сулҳофаринии байналмилалӣ дониста шудааст. Дар давраи хеле ҳассос ва мушкили давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон муайян кардани роҳи ба сулҳ расидан аз тарафи Роҳбари давлат амали ҷавонмардона буда, аз иродаи бузурги сиёсии Пешвои миллат гувоҳӣ медод.

Мафқумҳои «Ваҳдат», «ягонагӣ», «яқдилӣ», «муттаҳидӣ» бояд ба шиори ҳамешагии сокинони кишвар табдил ёбад, зеро дар давраи ҷаҳонишавӣ ва бархурди тамаддунҳо инсониятро танҳо муттаҳидӣ, сарҷамъӣ, якдилӣ ва ягонагӣ метавонад наҷот диҳад.

Ба сулҳу Вахдат расида, дар шароити имрӯза Ҷумҳурии Точикистон ба муваффақиятҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ноил гашт ва дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳ ва мавқеи худро пайдо намуд. Раванди  таҳкими  Ваҳдати миллї нуфузи Точикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ ба сатҳи комилан нав баровард ва дар ҳалли бисёр масъалаҳои умдаи ҳаёти байналмилалӣ ва минтақавӣ нақши Тоҷикистон ва пешниҳодҳои Роҳбарии сиёсии онро хеле назаррас гардонд.

Барои ҳифзи ҳамешагии сулҳу суббот, оромӣ ва Вањдати миллӣ омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, маънавӣ ва ахлоқии таҳкимбахши онро ба назар гирифта, дар таълим ва тарбияи мутахассисони  соҳаҳои  гуногун, махсусан  ҷавонон  ва ташаккули онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва дарки манфиатҳои умумимиллї, ҳифз  намудан  аз  хатарҳои ифротгароӣ, маҳалгароӣ вазифаи муқаддаси ватандории тамоми қишрњои ҷомеа, махсусан мактаб, оила ва ҷомеа маҳсуб меёбад.

Бархурдҳои сиёсиву муборизаҳои гуруҳӣ бори дигар собит менамояд, ки сулҳу суббот, оромии ҷомеа аз ҳушёрию зиракии сокинони  кишвар  вобаста буда, ҳифзи истиқлолият, арҷ гузоштан  ба  арзишҳои миллӣ  ва таҳкими оромию пешрафти он масъулияти баланди шаҳрвандиро тақозо менамояд.

Аз ин рӯ, масъалаи баланд бардоштани сатҳи донишу маърифати сиёсии мардуми кишвар, ташаккул додани худшиносии миллӣ муҳим буда, дарки зарурати Вахдати миллӣ, истиқлоли комил, манфиатҳои миллї ва умумимиллӣ муттаҳидии миллатро устувор менамояд ва ояндаи онро таъмин месозад. Таъкидҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу Вањдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон “Мо ватанамонро соҳибӣ мекунем!” бояд шиори ҳамешагии њар як шаҳрванди кишвар гардад.

Бояд қайд кард, ки такмили ваҳдату якдилӣ ба худшиносии миллӣ сахт марбут буда, тавассути таълиму тарбияи хуб ва донишу маърифати баланд ба даст меояд. Чунонки Сарвари кишвар қайд намудаанд: «То даме, ки худшиносии миллӣ, пос доштани хотираҳои таърихӣ, ифтихор аз мансубияти миллӣ, дар шуури ҳар яки мову шумо падид наояд, то даме, ки ҳар кадоми мо манфиати миллиро ҳамчун қарзи муқаддаси шаҳрвандӣ эҳсос накунем ва эҳтиром нагузорем, то даме, ки хидмат ба Ватан ва миллат бароямон ба арзиши олии зиндагӣ табдил наёбад, мо ҳамчун давлати соҳибистиқлоли миллӣ ба камол намерасем». Аз ин рӯ, вазифаи муҳим ва муқаддаси омӯзгорон, равшанфикрон ва нерӯҳои пешқадами сиёсӣ баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ, худшиносии миллӣ буда, зарур аст, ки аз шуури мардум миллатгароӣ, бегонапарастӣ ва бегонашавиро дур намуда ба муттаҳид намудани миллат, ташаккул додани арзишҳои умумимиллӣ, баҳри рушду нумӯи кишвар равона намудани ҳар як шаҳрванд сурат гирад. Аз ин  рӯ, донистани сарнавишти миллат ба ҳар як фарди баномуси Ватан муҳим ва зарур аст.

Сар задани алангаи нави мухолифату низоъҳо дар Шарқи Наздик ва минтақаҳои дигари дунё, густариши бесобиқаи терроризми байналмилалӣ ва ҷинояткории муташаккил, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва силоҳ, шиддат гирифтани проблемаҳои экологӣ, хурӯҷи беморињои хатарноки сирояткунанда, коҳиш ёфтани нуфузи нињодҳо беш аз пеш дар дунёи мутаммадин авҷ  гирифта истодаанд. Дар гирдоби ин ҳаводиси олам зарур аст. ки махсусан ба таълим ва тарбияи насли наврас диққати ҷиддӣ дода, барои гирифтани донишҳои зарурӣ ва тайёрии  касбии онҳо имконияту шароит  таъмин карда шавад.

Раиси Суди иктисодии вилояти Сушд                                                Косимзода С.О.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *