Ҳулбук- мавзеъи нотакрори таърихӣ

Posted by

 

Димнаи (Қасри ҳокимони) Хулбук – дар масофаи 7 км дуртар аз самти шимолу ғарбии маркази ноҳияи Восеъ (деҳаи Қурбоншаҳид) ҷойгир аст. Қасри ҳокимони Хулбук ба Мамнӯъгоҳи таърихӣ-фарҳангии Хулбук, ки дар ноҳияи Восеъ воқеъ аст, дохил мешавад.

Решашиносии ном

Аз дидгоҳи этимологӣ, Ҳулбук шояд аз пораҳои эронии куҳани *hwar-+baga- ба маънии «Худо-Офтоб, Хур» ё Хур/Офтоби худо (яъне Худованди Офтоб бошад), ки ҳосилаи решаи ҳиндуаврупоии *sͦer-ва иронии куҳани baga-мебошад.

Ҳулбук шояд аз вожаи юнонии ὓλη / ὓλα (овонавишт-шон ҳула-/ҳула) бошад ва ҷузъи номаълумаш бака/-бука. Дар самти ҷанубӣ-ғарбии Сарматияи аврупоӣ (булукоти хеле маъмулу машҳури скифӣ/сакӣ дар замони бостон) шаҳраке ба номи Ὑλάιη (Ҳулаио) (дар русӣ Гилея) мавҷуд аст, ки миёни Борисфен (дар талаффузи русӣ) / Бористҳону Ҳипакар воқеъ мебошад. Борисфен сарзамини сирф скифӣ/сакӣ/сарматӣ буд.

Ҳула — ὓλη / ὓλα — маънии «беша, дарахтони фаровони беша, бешаи дарахтони буттагӣ (дарахтҳо)»-ро дорад. Ҳулбук дар чунин мавзеъ қарор дорад. Ҳарчанд «бука» ҷузъи номаълум буда, ба таҳқиқи бештаре ниёз дорад, аммо бояд дар назар дошт, ки бо ҷузъи «бук» топонимҳои дигар дар атрофи Ҳулбук мавҷуд аст: Шобика, Осмонбика ва ғайра.[1]

Ҳафриёт

Димна тарҳи секунҷамонандро дошта, қаблан масоҳати он 70 га ташкил мекард. Хулбук танҳо дар масоҳати 16 гектар боқӣ мондааст. Димна, ки дар гузашта бо девор иҳота шуда буд, аз самти шимолу ғарб даромадгоҳи сарнишебе дошт. Арки он дуқабата буда пурра маҳфуз мондааст.

copyright by https://www.wikiwand.com/tg/%D2%B2%D1%83%D0%BB%D0%B1%D1%83%D0%BA

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *