Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Posted by

Имрӯз раиси суди иқтисодии вилояти Суғд муҳтарам Қосимзода С.О., бахшида ба рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси табрикотӣ гузаронида қайд намуданд, ки санаи 15 апрели соли 2016 валикони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рузҳои ид» тағйирот ворид карда, 16- уми ноябрро рузи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардаанд.

Ин қонун аз он сарчашма мегирад, ки нахустин бор пас аз қабули Конститутсияи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рузи 16-уми ноябри соли 1994 Президенти кишвар дар Иҷлосияи Шурои Олии савганд ёд карда, ба вазифаи президентӣ шуруъ карданд, ки саҳифаи нави давлатдории тоҷикон оғоз гардида, шакли идоракунии президентӣ дар кишвар амалӣ гашт.

Дар фарҷоми баромад раиси суд қайд намуданд, ки дар ин рузи хотирмон мардуми Тоҷикистонро табрик намуда, ба онҳо осмони софу беғубор, баракоти рузгор ба давлати азизамон сулҳу осоишро таманно карданд.

 

 

 

 

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *