Санади муқаддасу тақдирсоз
Инак 25 сол мешавад, ки мардуми шарифи мамлакатамон санаи 6-ноябрро ҳамчун рӯзи таърихӣ ва муқаддас пешвоз мегиранд. Ӣанӯз 6-ноябри 1994 сол пас аз ҷаҳду талош пайкорҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо райпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Минбаъд ин рӯзи таърихӣ дар қаламрави мамлакатамон Рӯзи Конститутсия эълон карда шуд ва ҳамасола бо шукуҳи хоса таҷлил карда мешавад.
Бояд қайд кард, ки Конститутсияи мо яке аз волотарин қонуни давлатдорӣ дар ҷаҳон эътироф гашта, аз рӯзи қабули он ба ин ҳуҷҷати тақдирсоз 26 – сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 тавассути райпурсии умумихалқӣ тағиру иловаҳо ворид карда шудаанд.
Пешвои миллат, ки дар таҳияву омода гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хидмати арзанда ва босазо амҷом додаанд. Ҳанӯз дар рӯзҳои истиқболи 20-солагии Конститутсияи кишвар гуфта буданд ки Конститутсия барои аз байн бурдани хатаре, ки ба истиқлолияти давлат таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё карда, барои аз нобудӣ наҷод додани давлати тоҷикон ва аз парокандагӣ раҳо бахшидани миллати тоҷик асос гузошт, ҷиҳати расидан ба ваҳдати миллӣ таҳкурсии устувор гардид ва дар марҳилаи ҳассоси таърихӣ барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории тоҷикон нақши тақдирсозу ҳалкунанда бозид.
Бо ибораи дигар, қонуни асосӣ бо иродаи мардуми кишвар сохти давлатдории навини тоҷиконро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дуниявӣ муайян намуд.
Имруз дар саро сари кишвар мардуми тоҷик 25-солагии ин Конститутсияро бо шукуҳи бузург таҷлил карда истодаанд.
Котиби Суди иқтисодии
вилояти Суғд Надирова М.Р.