Омӯзиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои амалигардонии онҳо”
Яке аз элементҳои сегонаи ҳуқуқҳои асосии инсон ҳуқуқ ба баробарӣ мебошад. Ин ҳуқуқҳоро вай дар муборизаи суботкорона ва дуру дароз ба даст овардааст. Вай ба монанди озодӣ ливои ҳамаи инқилобҳои иҷтимоии асрҳои 18-20 гашт ва яке аз талаботҳои асосии ҳаракатҳои демократии муосир боқи мемонад. Ҳатто дар мамлакатҳои аз ҳама демократитарини ҷаҳон ҳуқуқи инсон ба баробарӣ дар ҳаҷми пурааш татбиқнашуда боқи мемонад. Сабабҳои ин гуногун мебошад ва асосиаш ба ҳақиқати воқеӣ мувофиқат накардани умеди одамон аст.
Проблемаи баробарӣ, ки хусусияти умумии универсалӣ дорад, элементи мураккаби ҳуқуқӣ дар илми ҳуқуқи инсон мебошад. Баробари на танҳо ҳамчун принқипи умумиҳуқуқии меъёрикунии муносибатҳои ҷамъиятӣ, балки ҳамчун категорияи инструменталӣ- амалӣ, метавонад ба сифати маҳаки конститутсионии баҳодиҳии танзими қонунгузории ҳуқуқ ва озодӣ ҳар кадоме дар алоҳидагӣ, инчунин тамоми системаи ҳуқуқ ва озодии шахсият низ баррасӣ карда шавад. Вай алакай аз он бармеояд, ки баробарӣ ба сифати элементи ҷудонопазир дар мақоми ҳуқуқии конститутсоонии шахсият ҷо гирифта, дар ҳар як ҳуқуқу озодии асосӣ мавҷуд мебошад.
Ҷомаи ҷаҳони ба масъалаи таъмини баробари мардон ва занон диққати махсус медиҳад. Амалан дар ҳамаи шартномаҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон баробари аз рӯи аломати ҷинсӣ сабт мегардад.
Ин ҳаракат дар ҷаҳон номи гендерро гирифтааст. Гендер-ин зуҳуроте мебошад, ки табъизро аз рӯи аломати ҷинсӣ рад менамояд. Баробарии гендерӣ- ин мақоми баробари ҳуқуқии зану мард ва имкониятҳои баробари татбиқи он мебошад, ки ба шахсони ҳар ду ҷинс имконият медиҳад, ки озодона қобилият, маҳорату кордонии худро барои иштирок дар ҷараёнҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, инчунин аз намудани комёбиҳои онҳо инкишоф диҳанд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи баробарии гендерӣ диққати махсус дода мешавад. Дар Конститутсия махсус муқаррароте қайд карда шудааст, ки мувофиқи он мардон ва занон дар Тоҷикистон дорои ҳуқуқҳои баробар мебошанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор чорабиниҳоеро, ки барои таъмин намудани меъёри мазкури конститутсионӣ равона карда шудаанд, амалӣ менамояд. Махсусан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қонун “Дар бораи кафолатҳои баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробар и амалигардонии онҳо” аз 1.03.2005 сол қабул карда шуд.
Қонуни мазкур муносибатҳои оид ба таъмини кафолатҳои конститутсионии баробарҳуқуқии мардону занонро дар соҳаи иҷтимои, сиёсӣ, фарҳангӣ ва дигар соҳаҳо ба танзим медарорад, ҳуқуқипоймолкуниро аз рӯи аломати ҷинсӣ пешгирӣ мекунад ва кафолатҳои давлатии имкониятҳои баробари шахсони ҷинсашон гуногунро муқаррар менамояд.
Ҳамчунин дар соли 1999 аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Фармон “Дар бораи нақши занон дар ҷомеа” нашр шуда буд, ки дар асоси он Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи давлатии “Самтҳои асосии сиёсатӣ давлатӣ дар бораи таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардону занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010”-ро қабул кард. Яке аз вазифаҳои асосии барномаи мазкур таъмини ҳуқуқу кафолатҳои занон, иштироки баробари мардону занон дар сатҳи қабул намудани қарорҳо, иштироки бевоситаи онҳо дар идоракунии давлат, кафолати ҳифзи ҳуқуқи шаҳрванд мебошад.
Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва мақоми зан дар ҷомеаи муосир суханронӣ намуд.
Мавсуф зимни баромад қайд кард, ки имрӯз тавассути сиёсати оқилонаю дурандешонаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва ба вазифаҳои масъулу роҳбарикунанда таъин намудани онҳо баръало намоён мебошад. Мо низ дар ВМКБ кӯшиш намуда истодаем, ки аз ҳисоби хизматчиёни давлатӣ сафи бонувонро афзун гардонем. Зарур аст, ки дар оянда дар муасиссаҳо, низоми бонкӣ, хадамоти алоқа, шуғл ва дигар бахшҳои хизматрасонӣ бештар занону духтарон ҷалб карда шаванд. Инчунин дар зинаҳои гуногун квота ва имтиёзҳо муқаррар карда шудааст, ки чунин иқдом яке аз роҳҳои таъмин намудани баробарҳуқуқии занону мардон мебошад.
Аз ин хотир бо мақсади иштироки васеъи занон дар ҳаёти ҷамъиятию, сиёсӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва идоракунии давлатӣ баҳри баланд бардоштани мақому манзалати зан Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба имрӯз чандин қарору санадҳои муҳимро қабул намуд, ки онҳо дар рушду нумӯи ҷомеаи демократӣ нақши созанда мебозанд.
Мо бо ифтихор гуфта метавонем, ки имрӯз бонуи тоҷик роҳбари кордон, муҳаққиқи донишманд, табиби ҳозиқ, соҳибкори муваффақ, корманди ҳифзи ҳуқуқ ва албатта тарбиятгару омӯзгори меҳрубон аст.
Вохӯрии ҳайати шахсии РВКД дар ВМКБ бо кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ВМКБ хотирмон баргузор гардида, кормандони милитсия аз ин ҳамоиш изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Мутахассиси суд Сидикова Ф.