ВАҲДАТИ МИЛЛИ ПОЯИ СУЛҲ АСТ.

Posted by

                         ВАҲДАТИ МИЛЛИ ПОЯИ СУЛҲ АСТ.

Ваҳдат – беҳтарин  неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳқиқи давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумуи даврон ва ҳастии инсон дар ҳама давру замон мебошад.

Имсол ба имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон бист сол сипари мегардад. Ин ҷашн дар арафаи ҷашни 25-умин солгарди Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд.

Ба шарофати ба имзо расидани ин Созишномаи тақдирсоз мо тавонистем, ки ба муноқишаҳои дохили ва муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида, ба марҳилаи навини Тоҷикистон, гузоштани пойдевори сулҳ, таъмини ваҳдати милли ва дар ин асос ба эътидол овардани фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи Тоҷикистон ва рушди онҳо оғоз намоем.

Ваҳдати милли ҳамчун омили муттаҳидсозандаи тамоми мардуми Тоҷикистон шароит фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳони эътирофшуда дар давлати соњибистиқлол тақкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрванди гузошта шавад ва барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум, ободи ва ояндаи давлату миллатамон заминаи мусоид муҳайё хоҳад гардид.

Аз таърихи инсоният мо медонем, ки дар марҳалаҳои гуногуни зиндаги бинобар сабабҳо ва омилҳои таъминкунандаи ваҳдат халалдор шуда, боиси парокандаги ва хатто нобудшавии қавмҳо, миллатҳо ва давлатҳо шудаанд.

Ба миллати қадимаи тоҷик борҳо хатари парокандагию нобуди таҳдид гардида, давлатҳои эҷодкардааш рў ба завол шуда, вале дар тули бештар аз ҳазор сол худро аз маҳвшави наҷот дода, то ба истиқлолияти миллию давлати расид.

Чунончи маълум аст, ба туфайли пирўзии Инқилоби Кабири Октябр ҳуқуқи миллати қадимаи тоҷик барои давлатдори эътироф гардид, гўшае аз қаламрави қафомонда ва кўҳистони дар ихтиёраш қарор гирифт. Муборизаи як гурўҳи фарзандони шуҷоъи миллат  пайдоиши  солњои 1924 аввалин Ҷумҳурии Мухтори Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон ва баъдан соли 1929 Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон сабаб гардид, киҳарчанд аз мавзеҳое, ки худи халқияти тоҷик дар он ҷойҳо ташаккул ёфта буд, бар асари номуттаҳиди ва хиёнатҳои берунаву дохили ҷудо монд. Ба ҳар ҳол ин падида дар таърихи миллати тоҷик комёбии бузургтарин ва сарнавиштсоз буд, ки бе он истиқлолияти давлатии имрўзаи мо шояд номумкин буд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки  маҳалгарои  дар шуури элитаи милли ва дини ҷой дошт, вале сиёсати қавии давлати ва ҳизбӣ дар замони Иттифоқи Совети онро боло рафтан намегузошт. Бинобар ин, хислатҳои манфии мазкур дар он солҳо ба ҳадди ифрот ва омили харобкунандаи зењни мардум табдил намеёфт.

Дар охирҳои солҳои 80-ум ва аввали 90-уми асри гузашта таҳти таъсири қувваҳои беруна омилҳои дохилие ба вуҷуд  омаданд, ки барои ташаккули андешаҳои зиддидавлати мусоидат мекарданд ва эҳсоси ифтихори милли ва талаби адолати иҷтимоиро ба самти экстремизми сиёсию дини ва миллатгароию маҳалгарои равона менамуданд. Баъди соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон ин омилҳо хеле авҷ гирифтанд.

Тавре ки ҳамаамон дар ёд дорем, аз рўзҳои аввали соҳибистиқлол гаштани ҷумҳуриамон гурўҳҳои алоҳидаи сустиродаи кишварамон таҳти таъсири андешаҳои тундгарои доираву нерўҳои бадхоҳи дохиливу хориҷи қарор гирифта, давлатамонро ба гирдоби дохили ва баъдан ба кашмакашиҳои мусаллаҳона расониданд.

Майдоннишиниҳои дар Тоҷикистон бавуҷудомада нақшаи фалаҷ кардани ҳаёти иқтисоди, иҷтимои, ва маънавиро доштанд, ки оқибат он ба фоҷиаи милли оварда расонид.

Албатта, хар давлату ҷомеа ба душворию буҳрон дучор мешавад ва бо роҳҳои гуногун ин мушкилиҳоро ҳаллу фасл мекунанд. Дар кишварҳои ғарби ва шарқи низ ҷангҳои дохили ба задухўрду кашокашҳо ва хунрезиҳо овард.

Ҷанги шаҳрвандӣ барои халқи мо хисороти азимеро оварда, боиси ҳалокати даҳҳо ҳазор одамон гардид. Вобаста ба ин, дар яке аз суханрониҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда буданд, ки «даҳсолаҳо лозим мешавад, то захму ҷароҳатҳои ин фалокат муолиҷа шаванд, ки дар хар хонавода сулҳ ва ороми ҳукмфармо бошад».

Рўзи аввали фаъолияти худ ба сифати Сарвари давлат Пешвои миллат Эмомали Раҳмон иброз дошта буданд, ки «ман кори худро аз сулҳ оғоз карда, ба мардуми кишварам сулҳу ороми меорам».

Гирди як миз овардани гурўҳҳои ба ҳам мухолиф, муяссар шудан ба сулҳу субот ва ноил гаштан ба ваҳдати миллӣ кори осон набуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазифаҳои аввалиндараҷаро муайян карда, барои ҳалли он кушиш ба харҷ дод.  Ба шарофати дастгирии халқи тоҷик ва шахсиятҳои равшан-фикри хориҷ мо тавонистем, ки ба орзуи деринаи мардумамон – сулҳу субот дар ватанамон комёб гардем ва бо азми қавӣ барои,эъмори давлате, ки дар он эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар мадди аввал қарор дошта бошад, саъю кушиш намоем.

Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ оғози гардиши куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии халқи тоҷик гардид.

Ин сулҳ боварии даҳҳо ҳазор ҳамватанони бегуноҳ, занону кўдакон, пиронсолону ҷавононро, ки маҷбуран тарки ватан карда буданд, ба зиндагӣ эҳё намуд. Сулҳ ба даст омада, натиҷаи заҳматҳои зиёди сулҳофарини миллати тоҷик ва иродаи неки ҳарду ҷониб буд.

Ҳаёт нишон дод, ки истиқлоли сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дастоварди бузург ва таърихии мардуми Тоҷикистон мебошад, ки дар натиҷаи ҷамбастагии  мардуми кишвар ва фарзандони содиқи халқамон инчунин бо дастгирии дигар давлатҳо ба мо дустиро муяссар гардонид.

Бинобар ин моро лозим аст, ки ин неъмати бебаҳо ва муқаддас-ваҳдати миллиро пос нигоҳ дорем, ба қадри он расем, ин соли ҷори  дар арафаи 22-юмин солгарди рўзи ваҳдати милли  қарор дорем.

 

           Судяи Суди иқтисодии

           вилояти Суғд                                                                                Абдуллозода Ф.Н.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *