Табрикоти Раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Posted by

Ҳамасола дар саросари ватани азизу маҳбубамон санаи 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатӣ ҷашн гирифта мешавад. Бояд қайд намуд, ки ин ҷашнвораи таърихӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки мо мардуми бонангу ору шарафманди тоҷик соҳиби давлати соҳибистиқлол ҳастем, ки номаш Тоҷикистон аст.

Раванди давлатсозӣ ва қабули Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи давлати мустақили Тоҷикистон, нишонаи соҳибихтиёрӣ, ягонагӣ ва ифтихори мардуми кишвар маҳз аз Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намудаанд: “Парчами давлатӣ ҳамчун нахустин рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI сарнавиштсози Шӯрои Олии кишвар, ки дар ҷараёни он тақдири давлатдории навини тоҷикон тарҳрезӣ гардида, дар роҳи таъмини сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, инчунин, ба суйи ҳадафҳои умумимиллӣ қадамҳои аввалин гузошта шуданд, қабул гардид”.

Парчами давлатӣ имрӯз боарзиштарин муқадасоте мебошад, ки боло аз ҳама дастовардҳо ва сарватҳои миллӣ дар пойтахти азизамон дар баландии 165 метр қад афрохтааст. Дар ҳақиқат боло бардоштани Парчами давлатӣ тоҷикон ба боло рафтани ҳисси миллӣ ва худшиносӣ мусоидат менамояд. Бояд зикр намуд, ки бо ҳама ифтихору имтиҳони таърихӣ мо аз он шукрона дорем, ки парчами мо рамзи ҳуввияту ҳушёрист, ки барои таҷассуми таҷрибаи давлатдории миллӣ ва ваҳдату бунёдкорӣ заминаи бузурге эҷод менамояд.

Таманно мекунем, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои орому осудаи кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол то абад парафшон бошад!

Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Шумо муборакбод мегӯям. Таманно дорам, ки Парчами тоҷикон доимо партавафшон бошад!