ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ ВАТАНДОРӢ

Posted by

Тибқи муқаррароти моддаи 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ мебошад.

Парчами давлатӣ тамоми сокинони кишварро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва пеш аз ҳама, ваҳдати миллӣ ва саъйу талоши пайваста ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ раҳнамун месозад.

Қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи худро дорад. Парчами нави давлатии  Ҷумҳурии  соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар сессия Шурои Олӣ 24-ноябри соли 1992 тасдиқ карда шудааст.

Барои таҳияву пешниҳод намудан ва қабули рамзҳои нави Тоҷикистони соҳибистиқлол муддати ду сол қувваҳои эҷодиву ҷустуҷуӣ сарф шудааст. Аввалҳои соли 1990 аз ҷониби Шурои Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон барои таҳия намудани рамзҳои нави давлатӣ, озмун эълон карда шуд ва дар ин озмун тахминан 250 нафар ширкат варзиданд.

Вобаста ба таҳия намудани рамзҳои нави давлати комиссияи махсус ташкил карда шуд.  Аз муалифон ва коллективҳои эчодии тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ зиёда аз дусад пешниҳодҳо вобаста ба лоиҳаи рамзҳои нави давлатӣ ворид гардида буд.

Лоиҳаи Парчами давлатӣ, ҳамчун матои росткунҷаи се рахаи рангаи уфуқӣ, иборат аз ранги сурх, сафед ва сабз пешниҳод шуд, ки рахи ранги сафед якуним баробари рахҳои ранги сурх ва сабзро ташкил мекард ва бари матоъ бошад якуним баробари дарозии онро ташкил мекард. Дар Парчами давлатӣ нақши тоҷ ва ҳафт ситораро ҷойгир намуданд.

Ранги сурх ‑ дар боло ҷой гирифта, рамзи шуҷоату ҷасорат, мубориза барои озодӣ, ва фидокорӣ барои ватану миллат мебошад. Он ҳамчунин нишонаи истиқлол ва нерӯи ҳаётӣ дониста мешавад.

Ранги сафед ‑ миёна буда, рамзи сулҳ, покӣ, ростӣ ва озодандешии халқи тоҷик аст. Ин ранг ҳамчунин кӯҳҳои барфпӯши Тоҷикистонро ёдовар мешавад.

Ранги сабз ‑ дар поён ҷой дорад ва рамзи зиндагӣ, рушд, ободонӣ ва табиати зебои диёр аст. Он ҳамчунин рамзи кишоварзӣ ва зеҳни офарандаи мардуми кишвар мебошад.

Тоҷ рамзи давлатдории тоҷикон, соҳибихтиёрӣ ва истиқлоли миллӣ мебошад.

Ҳафт ситора рамзи саодат, комилӣ, қиммати маънавии инсон, ҳикмат, адолат, хушбахтӣ, покӣ, ваҳдат, меҳр, садоқат ва ифодагари ҳафт минтақаи таърихию мадании кишвари азизамон, яъне Суғд, Зарафшон, Ҳисор, Рашт, Вахш, Хатлон ва Бадахшон дониста мешавад.

Гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи рамзҳои нави давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон 24-ноябри соли 1992, ба сессияи 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Парчами нави давлатиро ба муҳокимаи вакилони халқ пешниҳод намуданд.

Ҳамон лоиҳаи Парчами давлатӣ, ки таҷҷасумгари таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллии халқамон мебошад ва имрӯз мо онҳоро дар Парчами давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебинем, дар сессия 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо сарварии раиси нав интихобгардидаи Шӯрои Олии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷониби вакилони халқ якдилона барои қабул намудани он ҳамчун Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон овоз дода шуд.

Рӯзи дигар, яъне 25-ноябри соли 1992 рамзи нави давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон – Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба толори Шӯрои Олӣ ворид карда шуд ва аввалин маротиба раиси тозаинтихоби ҳамонвақтаи Шӯрои Олии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Парчами давлати сари таъзим фуруд оварда қасам ёд намуданд.

Баъди ин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар болои бинои қасри “Арбоб” дар шаҳри Хуҷанд, ки дар он ҷо сессия таърихии 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон баргузор мешуд, барафрохта шуд.

 Вобаста  ба тартиби истифодабарии Парчами давлатии Тоҷикистон 11-декабри соли 1992 “Низоманома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва 12-майи соли 2007-ум Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул карда шуд.

Дар охир қайд кардан ба маврид аст, ки миллати тоҷик аз замонҳои қадим то ба ин рӯз соҳиби парчам буда ва ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъул ва вазифадоранд, ки парчами давлатии кишварро эҳтиром намоянд, ба ин муқаддасот арҷ гузоранд, зеро арҷгузорӣ ба муққадасоти миллӣ ин эҳтиром ба миллат ва давлати хеш мебошад.  

Раиси Суди иқтисодии

вилояти Суғд                                                                   Мирзозода П.Т.