19 ноябри соли 2026 дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Фаронса ҳайати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Суди Олии иқтисодӣ Абдуллозода Зебонисо Файзулло бо намояндагони Суди ягонаи патентӣ дар шаҳри Париж мулоқот анҷом дод.
Дар мулоқот судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддинӣ Нурулло Бадалзода ва Ҷалилзода Хусрав Раҷабалӣ, судяи Суди иқтисодии вилояти Суғд Ҳамроқулзода Борбад Аслиддин, инчунин директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабзода Парвиз Абдураҳим иштирок намуданд.
Сафари мазкур бо мақсади мусоидат ба татбиқи Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, омӯзиши таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ ва такмили амалияи судии баррасии баҳсҳои марбут ба ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ анҷом дода шуд.
Зимни мулоқот масъалаҳои баррасии баҳсҳои патентӣ, ҳифзи судии ҳуқуқи соҳибони патент ва густариши ҳамкориҳо дар самти мубодилаи таҷрибаи судӣ ва баланд бардоштани сатҳи тахассуси судяҳо мавриди муҳокима қарор гирифтанд.


