Маҷлиси тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Posted by

Имрӯз дар Суди иқтисодии вилояти Суғд маҷлиси тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 34 солагии Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раис, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд баргузор гардид.

Иштирокчиён доир ба ин рӯз, ки ҳамасола 16-уми ноябр мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад бо маърӯзаҳои пурмазмуни худ доир ба “Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори давлати ҳуқуқбунёд” ва “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи давлатдорӣ ва таҳкими истиқлолияти миллӣ” баромад намуда доир ба хизматҳо ва қадрдонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаҳои худро баён намуданд.

Дар охир Раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд муҳтарам Мирзозода П.Т. иштироккунандагонро бори дигар бо  Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 34 солагии Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод гуфта, ба хонадони мардуми тоҷик фазои осоишу меҳру муҳаббат, файзу баракат ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳу суботи ҷовидонаро таманно намуданд.