КОНФРОНСИ СОЗМОНИ СУДЯҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА “РӮЗИ КОРМАНДОНИ ҲОКИМИЯТИ СУДӢ”

Posted by

24-уми октябри соли 2026 дар толори васеи Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чорабинии тантанавӣ бахшида ба “Рӯзи кормандони ҳокимияти судӣ” бо иштироки Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Абдуллозода Зебуниссо, муовинон, судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ, инчунин, судяҳои судҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид.

Барои интихоб намудани аъзои Коллегияи тахассусии судяҳо Раиси иттиҳодияи ҷамъиятии “Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” муҳтарам Мирзозода Р.П. конференсияи судяҳои судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро даъват намуданд, ки дар кори он бо мақсади интихоб ва пешбарии номзадҳои шоиста ба вазифаи судя, таҳкими кафолатҳои мустақилияти судяҳо, инчунин гузаронидани санҷиши тахассусӣ ва баррасии масъалаҳои ҷавобгарии интизомии судяҳо, аз ҳисоби судяҳои ҷумҳурӣ ба узвияти Коллегияи тахассусии судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзоёни нав бо овоздиҳии иштирокдорон интихоб гардиданд.

Раиси Суди Олӣ, муҳтарам Мирзозода Р. П. зимни суханронии хеш судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои ҷумҳуриро ба муносибати «Рӯзи кормандони ҳокимияти судӣ» табрик гуфта, нақши ҳокимияти судиро дар таъмини адолати иҷтимоӣ хеле арзишманд арзёбӣ намуд ва иброз дошт, ки ҳокимияти судӣ дар заминаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ рушд намуда, устувор гардидааст ва мавқеи намоёнро касб кардааст.

Дар ҷараёни ҳамоиш барои фаъолияти назаррас як қатор судяҳо бо “Ифтихорнома” ва “Сипоснома”-и Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.

Маврид ба зикр аст, ки дар интиҳои чорабинӣ барномаи ҷолиби фарҳангӣ аз ҷониби ҳунармандони шинохтаи кишвар таҳия гардид, ки руҳияи иштирокдоронро болида гардонид.