8-9 октябри соли ҷорӣ дар ш. Минск ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Мирзозода ва раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зебониссо Абдуллозода дар нишасти дуюми Шурои раисони судҳои олии кишварҳои иштирокдори ИДМ ва ҷаласаи пленуми Суди иқтисодии ИДМ иштирок намуданд.
Дар ҷаласаҳои мазкур масъалаҳои ҳамкории мақомоти судӣ, ҷамъбасти таҷрибаи судӣ оид ба эътироф ва иҷрои қарорҳои судҳои хориҷии кишварҳои иштирокдори ИДМ дар солҳои 2022-2024, инчунин омодасозӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи судӣ баррасӣ шуданд. Ҳамзамон дар рафти нишасти пленуми Суди иқтисодии Иттиҳод зери раисии Герман Нурбаев масоили такмили фаъолияти ниҳод мазкур, таҷдиди Низомномаи он бо дарназардошти таҷрибаи татбиқ ва фаъолияти суд дар шакли нав мавриди муҳокима қарор гирифт.
Дар ҳошияи сафари мазкур инчунин мулоқотҳои дуҷонибаи раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Мирзозода ва раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зебониссо Абдуллозода бо раисони Суди Олии Федератсияи Русия Игор Краснов, Суди Олии Ҷумҳурии Беларус Андрей Швед, Суди Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Робахон Маҳмудова ва Суди Олии Ҷумҳурии Қазоқистон Асламбек Мергалиев баргузор гардид, ки зимни он масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи адолати судӣ, мубодилаи таҷрибаи пешқадами судӣ, такмили ихтисоси кормандони мақомоти судӣ, инчунин густариши ҳамкориҳои байнисудӣ дар доираи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Манбаъ: Аз сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

