Нақши занони ҳокимияти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми “35 соли Истиқлолияти давлатӣ”

Posted by

Яке аз дастовардҳои муҳими даврони Истиқлолият ташаккул ва таҳкими ҳокимияти судӣ ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ мебошад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 қабул гардид, принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатиро ба қонунгузор, иҷроия ва судӣ муқаррар намуд. Ин замина барои рушди минбаъдаи низоми мустақил ва самараноки судӣ мусоидат кард.  Истиқлоли давлатӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи муҳими таърихӣ ва оғози давраи нави давлатсозӣ, таҳкими пояҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба ҳисоб меравад. Дар давоми 35 соли Истиқлоли давлатӣ дар кишвар дар самти рушди низоми ҳуқуқӣ, таҳкими волоияти қонун, таъмини адолати иҷтимоӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон як қатор ислоҳоти муҳим амалӣ гардиданд. Дар ин раванд баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои фаъолияти касбии онҳо яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба шумор меравад. Нақши занон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон сол ба сол бештар гардида, занон дар соҳаҳои гуногуни хизмати давлатӣ, аз ҷумла дар низоми ҳокимияти судӣ низ мавқеи устувор пайдо намудаанд. Имрӯз занон ҳамчун судя, кормандони дастгоҳи судҳо ва дигар мутахассисони соҳаи ҳуқуқ дар таҳкими адолати судӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон саҳми назаррас мегузоранд. Баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии даврони истиқлолият ба ҳисоб меравад. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ба фаъол гардидани иштироки занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва идоракунии давлатӣ заминаи муҳим гузошт. Тадриҷан шумораи занони соҳибмаълумот ва дорои тахассуси ҳуқуқшиносӣ зиёд шуда, онҳо ба вазифаҳои гуногун дар низоми судӣ ҷалб гардиданд. Занон имрӯз на танҳо ҳамчун кормандони дастгоҳи суд, балки ҳамчун судя, раиси суд, муовини раиси суд ва роҳбарони коллегияҳои судӣ фаъолият мекунанд. Занони фаъолияткунанда дар мақомоти судӣ бо муносибати масъулиятнок ба вазифаҳои худ метавонанд дар таҳкими эътимоди шаҳрвандон ба адолати судӣ саҳми муҳим гузоранд. Дар баробари ин, занони ҳуқуқшинос метавонанд дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занону духтарон низ нақши муҳим дошта бошанд. Зеро донистани ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шаҳрвандӣ ба шахс имкон медиҳад, ки дар ҳолатҳои зарурӣ ҳуқуқҳои худро бо роҳҳои қонунӣ ҳимоя намояд. Масалан, тибқи маълумоти расмии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар як давраи таҳлилшуда аз 374 судяи амалкунанда 78 нафар занон буданд, ки аз ҷумла 10 нафар ба вазифаи раиси суд ва 7 нафар ба вазифаи муовини раиси суд фаъолият менамуданд. Ин нишондиҳанда далели он аст, ки нақши зан дар низоми ҳокимияти судӣ танҳо бо иҷрои вазифаҳои ёрирасон маҳдуд нашуда, то сатҳҳои роҳбарикунанда густариш ёфтааст. Занони фаъолияткунанда дар мақомоти судӣ бо муносибати масъулиятнок ба вазифаҳои худ метавонанд дар таҳкими эътимоди шаҳрвандон ба адолати судӣ саҳми муҳим гузоранд.  Ҳадафи асосии фаъолияти суд таъмини адолат ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Аз ин рӯ, саҳми занони судяро дар таҳкими фарҳанги ҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон махсус таъкид кардан зарур аст. Занони судя дар баррасии баҳсҳои оилавӣ, масъалаҳои марбут ба ҳуқуқи кӯдак, муносибатҳои меҳнатӣ ва дигар масъалаҳои иҷтимоӣ низ нақши муҳим доранд. Фаъолияти босалоҳият ва одилонаи онҳо метавонад ба ҳалли қонунии баҳсҳо, пешгирии низоъҳо ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа мусоидат намояд. Ҳамин тариқ, иштироки занон дар мақомоти судӣ на танҳо масъалаи баробарии имкониятҳо, балки яке аз омилҳои муҳими рушди давлати ҳуқуқбунёд мебошад. Дар маҷмӯъ, метавон гуфт, ки дар давоми 35 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши занон дар ҳокимияти судӣ тадриҷан таҳким ёфтааст. Имрӯз занон дар вазифаҳои гуногуни низоми судӣ фаъолият намуда, дар таъмини адолати судӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими волоияти қонун ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа саҳми арзанда мегузоранд. Рушди ҳокимияти судӣ ва иштироки фаъоли занон дар он ду равандест, ки бо ҳам алоқамандии зич доранд. Ҳар қадаре ки низоми судӣ касбӣ, мустақил ва муосир гардад, ҳамон қадар барои истифодаи самараноки иқтидори занони ҳуқуқшинос имкониятҳои бештар фароҳам меоянд. Аз ин рӯ, таҷрибаи 35 соли Истиқлолияти давлатӣ нишон медиҳад, ки занони тоҷик метавонанд дар баробари мардон дар яке аз муҳимтарин соҳаҳои давлатдорӣ — ҳокимияти судӣ — бо масъулияти баланд хизмат намуда, дар таҳкими давлати ҳуқуқбунёд ва таъмини адолати судӣ саҳми назаррас гузоранд. Дар остонаи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ қадрдонӣ ва муаррифии дастовардҳои занон дар ҳокимияти судӣ на танҳо арҷгузорӣ ба фаъолияти онҳо, балки эътирофи саҳми онҳо дар бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Дар маҷмӯъ, 35 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро метавон марҳилаи муҳими ташаккул ва таҳкими давлатдории миллӣ, рушди низоми ҳуқуқӣ ва баланд гардидани мақоми зан дар ҷомеа арзёбӣ намуд. Дар ин давра барои иштироки фаъоли занон дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, аз ҷумла дар низоми ҳокимияти судӣ, заминаҳои устувори ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ фароҳам оварда шуданд. Фаъолияти босамари занони судя ва ҳуқуқшинос нишон медиҳад, ки зан метавонад дар баробари иҷрои рисолати муҳими оилавӣ дар ҳалли масъалаҳои муҳими давлатӣ ва иҷтимоӣ низ нақши муассир дошта бошад.

Яке аз дастовардҳои муҳимми даврони Истиқлолият дар он ифода меёбад, ки занони тоҷик имрӯз на танҳо ҳамчун иштирокчии ҳаёти иҷтимоӣ, балки ҳамчун мутахассиси соҳибтаҷриба, роҳбар ва хизматчии давлатӣ дар соҳаҳои масъули давлатдорӣ фаъолият менамоянд. Ҳузури онҳо дар низоми судӣ далели рушди маърифати ҳуқуқӣ, боло рафтани сатҳи таҳсилоти касбӣ ва фароҳам гардидани имкониятҳои баробар барои занону мардон мебошад.       

Ҳамин тавр, саҳми занон дар ҳокимияти судӣ дар давоми 35 соли Истиқлоли давлатӣ яке аз нишондиҳандаҳои муҳими пешрафти ҷомеаи Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Занони ҳуқуқшинос ва судяҳо бо фаъолияти содиқона, дониш, таҷриба ва масъулияти касбии худ дар таҳкими қонуният, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва пойдории адолат саҳми назаррас мегузоранд. Истиқлоли давлатӣ барои занони тоҷик имконияти васеи худшиносӣ, рушди касбӣ ва иштироки фаъол дар давлатдориро фароҳам овард. Аз ин рӯ, дастгирии минбаъдаи фаъолияти занон дар низоми ҳокимияти судӣ на танҳо эҳтиром ба саҳми онҳо, балки сармоягузорӣ ба ояндаи давлати ҳуқуқбунёд, адолатпарвар ва пешрафтаи Тоҷикистон мебошад.

 Котиби маҷлиси судии

 Суди иқтисоди вилояти Суғд:                                                   Муъминзода Фирӯза.