Нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2026

Posted by

Дар бинои Суди вилояти Суғд 11 августи соли 2026 нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Суди иқтисодии вилояти Суғд дар шаш моҳи аввали соли 2026 дар доираи иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2005, №АП-1677 ва ҷадвали тасдиқнамудаи Раиси вилояти Суғд аз 11 июли соли 2026 баргузор гардид.

Дар кори нишаст мудири шӯъбаи ҳуқуқи дастгоҳи раиси вилояти Суғд Тӯйчизода Т., раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд Мирзозода П.Т., судяҳо, кормандони дастгоҳи суд ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд Мирзозода П.Т. зимни суханронии худ оид ба натиҷаҳои фаъолияти суди иқтисодии вилоят дар нимсолаи якуми соли 2026, нишондиҳандаҳои асосии фаъолияти суд, тадбирҳои амалишуда, дар самти таҳкими низоми судӣ, таъмини дастрасии шаҳрвандон ба адолати судӣ ва рушди рақамикунонии фаъолияти судҳо маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Зимни нишаст намояндагони воситаҳои ахбори омма ба масъалаҳои гуногун марбут ба фаъолияти мақомоти судӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ба саволҳои пешниҳодгардида, ҷавобҳои муфассал гирифтанд.