Ваҳдати миллӣ – кафолати ҳаёти осоишта ва пешрафти Тоҷикистон

Posted by

Ваҳдати миллӣ барои халқи тоҷик танҳо як вожа ё мафҳуми оддӣ нест, балки он ҷавҳари ҳастии давлатдорӣ, сутуни устувори сулҳу субот ва кафолати ояндаи дурахшони кишвар аст. Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд, ки он наздик буд миллати куҳанбунёди моро пароканда ва давлати ҷавони моро аз харитаи ҷаҳон нест кунад. Аммо хиради азалӣ, таҳаммулпазирӣ ва иродаи қавии халқи тоҷик таҳти роҳбарии оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки ин фоҷиаро бартараф созад. Имрӯз Ваҳдати миллӣ барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мафҳуми муқаддас, ҷавҳари ҳастии давлатдорӣ ва кафолати ҳаёти осоишта ба ҳисоб меравад.

 Ҳеҷ як кишвар наметавонад дар шароити бесуботӣ, ҷанг ва нооромӣ ба пешрафти иқтисодӣ ноил гардад. Сулҳу ваҳдат барои Тоҷикистон пойдеворе шуд, ки дар болои он бинои рушди муосири кишвар сохта шуд. Ҳамчунин, нақши занон ва модарон дар ин раванд бениҳоят калон аст. Модари тоҷик, ки худ шоҳиди дардҳои ҷанг буд, имрӯз фарзанди худро дар рӯҳияи сулҳхоҳӣ, эҳтироми қонун ва дӯст доштани Ватан тарбия мекунад.

Ваҳдати миллӣ барои Тоҷикистон як падидаи муваққатӣ ё танҳо ҷашну шиор нест. Ин ҳадафи миллии ҳаёти мост. Таърих нишон дод, ки танҳо дар сурати муттаҳид будан мо метавонем ба қуллаҳои баландтарини пешрафт бирасем, давлати худро устувор нигоҳ дорем ва дар ҷаҳони пуртазоди имрӯза рақобатпазир бошем. Ваҳдати миллӣ барои мо неъмати муқаддастарин аст ва ҳифзи он вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, махсусан ҷавонон мебошад. Ҷаҳони имрӯза бо таҳдидҳои нави глобалӣ, аз ҷумла терроризм, экстремизм ва ҷангҳои иттилоотӣ рӯбарӯ аст. Дар чунин шароит, зиракӣ ва ҳушёрии сиёсии ҷавонон муҳимтарин силоҳ ба шумор меравад. Насли ҷавон бояд дарк кунад, ки Ваҳдати миллӣ ба осонӣ ба даст наомадааст; барои он хуни ҳазорон бародарон рехтааст ва модарони зиёде ашк рехтаанд. Ҳифзи ин неъмат, омӯзиши илму ҳунар ва саҳмгузорӣ дар ободии ватан нишонаи олии ватандӯстист. Мо ҷавонон бояд дорои зиракии сиёсӣ бошем, илмҳои муосир ва технологияҳои навро аз худ намуда, вақту неруи худро ба хотири ободии Ватан сарф намоем.

Зиндаву ҷовид бод Ваҳдати миллии тоҷикон!

 Котиби маҷлиси судии

 Суди иқтисодии вилояти Суғд:                                       Муъминзода Фирӯза.