Субҳи 17 май дар маркази маъмурии вилояти Суғд бо иштироки беш аз 25 ҳазор нафар Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор гардид. Чорабинӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонон ва бо ҳадафи тарғиби тарзи ҳаёти солим доир шуд.
Дар чорабинии варзишӣ роҳбарияти вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд, намояндагони мақомоти қудратӣ, кормандони ташкилоту идораҳо, ҷавонон ва сокинони касбу кори гуногун ширкат варзиданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни суханронӣ таъкид кард, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои таҳкими саломатии ҷомеа, рушди варзиш ва густариши тарзи ҳаёти солим аҳамияти муҳим дорад.
Маросими ифтитоҳи Дави миллӣ аз хиёбони Раҳим Ҷалил оғоз гардида, иштирокчиён тавассути кӯчаи Султон Умаров, пули нав ва хиёбони Раҳмон Набиев то майдони назди Парчами миллӣ ҳаракат намуданд.
Дар Дави миллӣ зиёда аз 25 ҳазор нафар ва дар марафони велосипедронӣ 1000 нафар иштирок карданд. Дар фарҷоми мусобиқа ғолибон бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Дави миллӣ дар Тоҷикистон ҳамасола дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007 якшанбеи сеюми моҳи май, дар арафаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор мешавад.
Манбаъ: Аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

