Нақши ҷавонон дар вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ

Posted by

Дар замони соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи бузурги созандагиву бунёдкориро пеш гирифтааст. Дар тамоми гӯшаву канори мамлакат корҳои ободонӣ вусъат ёфта, симои шаҳру ноҳияҳо куллан дигаргун гардидааст. Бунёди роҳҳо, пулҳо, муассисаҳои таълимӣ, марказҳои тиббӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ ва иншооти фарҳангиву варзишӣ далели равшани пешрафти давлат ва заҳмати мардуми кишвар мебошад. Дар чунин шароит эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» аҳамияти бузурги сиёсӣ ва иҷтимоӣ дорад.

Ин иқдом пеш аз ҳама ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон равона гардида, ҳадафи он боз ҳам ободу зебо гардондани Ватан, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва таҳкими ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ мебошад. Зеро ободии давлат аз ободии ҳар як маҳалла, кӯча ва деҳа оғоз меёбад. Агар ҳар як шаҳрванд барои тозагӣ, сабзкорӣ ва нигоҳубини муҳити зист саҳм гузорад, ҷомеа боз ҳам пешрафта ва зебо мегардад. Ободонию созандагӣ яке аз суннатҳои қадимаи халқи тоҷик ба шумор меравад. Аҷдодони мо ҳамеша барои бунёди шаҳру деҳот, рушди илму фарҳанг ва ободии сарзамини худ саъю кӯшиш мекарданд. Имрӯз низ идомаи ҳамин анъанаи неку созанда вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад. Ободонӣ танҳо сохтмони биноҳои нав нест, балки тозагии муҳит, нигоҳдории роҳҳо, сабз намудани кӯчаҳо ва муносибати фарҳангӣ ба моликияти ҷамъиятиро низ дар бар мегирад.

Дар баробари корҳои ободонӣ, масъалаи тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ низ аҳамияти калон дорад. Худшиносии миллӣ яке аз омилҳои муҳими пойдории давлат ва ваҳдати ҷомеа мебошад. Миллате, ки таърих, забон, фарҳанг ва арзишҳои миллии худро эҳтиром мекунад, метавонад истиқлолияти худро ҳифз намояд ва дар арсаи байналмилалӣ мавқеи шоиста дошта бошад. Имрӯз дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳифзи арзишҳои миллӣ барои ҳар як миллат аҳамияти хоса дорад. Аз ҳамин сабаб ҷавонон бояд таърихи пурғановати халқи тоҷикро омӯзанд, забони давлатиро эҳтиром намоянд ва фарҳанги миллиро пос доранд. Зеро ҷавонон ояндаи давлатанд ва пешрафти ҷомеа аз маърифат, дониш ва худогоҳии онҳо вобаста мебошад. Нақши ҷавонон дар татбиқи ҳадафҳои «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» хеле калон аст. Ҷавонон метавонанд дар шанбегиҳо, корҳои ҷамъиятӣ, ниҳолшинонӣ ва ободу тоза нигоҳ доштани маҳалли зист фаъолона иштирок намоянд. Ҳамчунин онҳо бояд бо рафтори намунавӣ, эҳтиром ба қонун ва ҳисси баланди ватандӯстӣ барои дигарон ибрат бошанд.

Дар ин самт нақши муассисаҳои таълимӣ ва оила низ муҳим мебошад. Омӯзгорон ва падару модарон бояд насли наврасро дар рӯҳияи меҳнатдӯстӣ, инсонпарварӣ ва дӯст доштани Ватан тарбия намоянд. Агар ҷавонон соҳиби маърифати баланд ва ҳисси миллӣ бошанд, онҳо метавонанд дар рушду шукуфоии давлат саҳми арзанда гузоранд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалисозии корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум тадбирҳои муҳим меандешад. Сохтмони неругоҳҳо, роҳҳои байналмилалӣ, мактабҳо ва марказҳои нави хизматрасонӣ барои пешрафти иқтисодиёт ва беҳбудии зиндагии шаҳрвандон заминаи мусоид фароҳам меорад. Ин ҳама нишонаи сиёсати бунёдкорона ва ғамхории давлат нисбат ба мардум мебошад. Ҳамчунин, корҳои созандагӣ барои рушди сайёҳӣ низ мусоидат мекунанд. Шаҳру ноҳияҳои тозаю озода диққати сайёҳонро ҷалб намуда, барои муаррифии фарҳанг ва таърихи тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат менамоянд. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди кишвар бояд барои нигоҳ доштани тозагӣ ва ободии муҳити атроф масъулият эҳсос намояд.

Дар хулоса метавон гуфт, ки эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» барои рушди ҳамаҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  аҳамияти бузург дорад. Ин ташаббус на танҳо ба ободии шаҳру деҳот ва беҳтар шудани шароити зиндагии мардум мусоидат мекунад, балки ҳисси ватандӯстӣ, худшиносӣ ва масъулияти шаҳрвандиро низ дар ҷомеа тақвият мебахшад. Ободонӣ ва созандагӣ нишонаи пешрафти ҳар як давлат буда, аз иштироки фаъолонаи шаҳрвандон вобаста аст. Ҳар як шахс, новобаста аз синну сол ва касб, метавонад дар тозагии муҳит, сабзкорӣ, ҳифзи табиат ва нигоҳубини ҷойҳои ҷамъиятӣ саҳм гузорад. Ин амалҳо на танҳо симои зоҳирии кишварро зебо мекунанд, балки фарҳанги баланди шаҳрвандиро низ нишон медиҳанд.

Дар баробари ин, таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ кафолати устувории давлат ва ваҳдати ҷомеа мебошад. Миллате, ки таърих, забон ва фарҳанги худро гиромӣ медорад, ҳамеша устувор ва пешрафта мемонад. Аз ин рӯ, ҷавонон бояд ҳамчун қувваи асосии ҷомеа дар роҳи омӯзиши арзишҳои миллӣ, ҳифзи анъанаҳо ва хизмат ба Ватан фаъол бошанд. Дар натиҷа метавон гуфт, ки танҳо бо ҳамгироии меҳнати созанда, дониш, худшиносӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ метавон ояндаи дурахшони кишварро таъмин намуд. Ин сол бояд ба як марҳилаи нави пешрафт, ваҳдат ва ободии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёбад ва барои наслҳои оянда заминаи устувор гузорад.

  Котиби маҷлиси судии  

  Суди иқтисодии вилояти Суғд:                                                  Муъминзода Фирӯза