Табрикоти Раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ.

Posted by

Ҳанӯз 27 сол муқаддам санаи 27 июни соли 1997 бо имзо шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон марҳалаи тозаи таърихи навини давлату давлатдории тоҷикон оғоз гардид.

Бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи сарбаланди тоҷик аз имтиҳони садоқат, имон ва талоши суботу оромӣ сарбаландона гузашта тавонист.

Дар таърихи навини давлатдориамон маҳз расидан ба ваҳдати миллӣ ба таҳкими давлатдории миллӣ, баланд шудани эътибори байналмилалии давлатамон, хештаншиносии мардуми тоҷик ва вусъати корҳои созандагию ободонӣ  мусоидат  намуд.

Бо чунин эътимоди бузург ҳар яки Шуморо бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳният гуфта, бароятон тансиҳатӣ, сарбаландӣ ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳу суботи абадиро таманно дорам.

Раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд Мирзозода П.Т.