Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ – таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ дар баробари бунёди иншооти бузурги тавлиди нерӯи барқ ба таҷдиди иншооти энергетикии кишвар эътибори аввалиндараҷа медиҳад.
Маҳз бо ташаббус ва бо саъю талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пурра таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ ва табдил додани Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои асосии содиркунандаи нерӯи барқ дар Осиё, ҳамкорӣ бо давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ вусъат дода шуда, силсилаи неругоҳҳои барқи обии хурду бузург ва хатҳои баландшиддати интиқоли барқ ба хориҷи кишвар бунёд мегарданд.
Аз ин лиҳоз, истифодаи мақсадноки нерӯи барқ, ки имрӯз яке аз масъалаҳои муҳими стратегии давлат ба ҳисоб меравад, аз ҳар кадоми мо шаҳрвандон муносибати ҷиддӣ ва ғамхоронаро талаб мекунад. Ба ҳамаи ин ғамхориҳои давлату ҳукумат нигоҳ накарда, нафароне вомехуранд, ки қувваи барқро истифода карда, аз пардохти ҳақи истифодаи он саркашӣ менамоянд, ки дар натиҷа ба давлат зарари молиявӣ мерасонанд.
Масалан: байни ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Истаравшан ва Хоҷагии деҳқонии “Далер”-и шаҳри Истаравшан шартнома “Оид ба таъмин ва истифодабарии нерӯи барқ” аз 28 феврали соли 2022 таҳти №1100866 ба расмият дароварда шудааст.
Мувофиқи банди 2.4-и шартномаи мазкур муштари бояд маблаѓи нерӯи барќи истифодашударо то санаи 10-уми моҳи ҷорӣ дар асоси ҳисобномаи пешниҳодшуда пардохт намояд.
Тибқи банди 5.1 шартноми мазкур, тарафҳо барои иҷро накардани уҳдадориҳои шартномавӣ дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошанд.
Новобаста аз он, ки ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Истаравшан уҳдадориҳои шартномавиашро оид ба таъмини барқ иҷро карда бошад ҳам, аммо Хоҷагии деҳқонии “Далер”-и шаҳри Истаравшан пардохти саривақтии маблағи қарзро ба иҷро нарасонидааст. Бинобар пурра иљро нашудани талаботи шартнома ќарзи Хоҷагии деҳқонии “Далер”-и шаҳри Истаравшан дар назди идораи фурӯши барқ ба 24 080,10 сомонӣ баробар гардидааст, ки њолати мазкур бо санади муќоисавӣ тасдиќ мегардад. ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Истаравшан оид ба пардохти саривақтии маблағи қарз ба қарздор якчанд маротиба огоҳиномаҳо ирсол намудааст, вале қарздор талаби охиринро пурра ба иҷро нарасонидааст.
Мутобиқи талаботи қисми 1 моддаи 1079 Кодекси граждани Ҷумҳурии Тоҷикистон, зараре, ки бо амал (беамалӣ)-и ғайриқонунӣ ба шахс ё амволи шаҳрванд, инчунин ба шахси ҳуқуқӣ, давлат расонида шудааст, бояд дар ҳаҷми пурра аз ҷониби шахсе, ки зарар расонидааст, ҷуброн карда шавад.
Бо ҳалномаи Суди иқтисодии вилояти Суғд аз 23 августи соли 2023 аз ҳисоби Хоҷагии деҳқонии “Далер”-и шаҳри Истаравшан ба фоидаи ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Истаравшан ќарзи истифодаи қувваи барқ ба маблағи 24 080,10 сомонӣ ва ба фоидаи давлат 481,62 сомонӣ бољи давлатӣ, рӯёнида шуд.
Агар хоҳем, аз нерӯи барқ мунтазам истифода барем ва дар вақти сармо муассисаҳои иҷтимоӣ, хонаву кошонаамон гарму фурӯзон бошанд ва ба ҷорӣ намудани маҳдудияти истифодаи нерӯи барқ зарурият пайдо нашавад, бояд нерӯи барқ ва гармиро сарфакоронаву мақсаднок истифода бурд ва ҳақи истифодаи онро саривақт пардохт кард.
Раиси Суди
иқтисодии вилояти Суғд Мирзозода П.Т.