МУҚОВИМАТИ ҶОМЕА ЗАРУРИСТ – СУДЯИ СУДИ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ СУҒД ДАВЛАТЗОДА ТОЛИБ

Posted by

Коррупсия ва амалҳои коррупсионӣ аз зумраи он монеаҳоест, ки дар пешрафти ҷомеаи ҳуқуқбунёд халал эҷод менамояд. Муқовимат бо ин зуҳуроти номатлуб яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ маҳсуб ёфта, ҳанӯз пас аз ба даст овардани ваҳдати миллӣ диққати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарвари сиёсатмадори мо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нигаронида шуда буд. Аз ҷумла, дар такя ба сохторҳои демократӣ ва арзишҳои маънавӣ, адлу инсоф, волоияти қонун ва дар асоси қонунҳои байналмилалӣ «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия» (аз 21.07.1999) фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавсиб расидааст, ки дар он сиёсати давлатӣ оид бар зидди коррупсия муайян карда шуда буд.

Чуноне, ки дар боло зикр кардем коррупсия ва шаклҳои он бар хилофи қонун нигаронида шудааст аз ин ҷост, ки шахси ин аъмолро содиркарда ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешавад. Мутаассифона, имрӯзҳо қариб дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ кирдорҳои номатлуб ба мисли ришваситонӣ, пешниҳоди пора дар шакли пуливу туҳфаҳои молӣ ба назар мерасад.

Барои барҳам додани чунин рафтори ношоиста равшан аст, ки қувваи сохторҳои қудратӣ нокофист, бинобар ин бояд тамоми аҳли ҷомеа бар муқовимат ҷалб бошанд.

На фақат дар Тоҷикистон, балки дар тамоми давлатҳои мусоири ҷаҳон ҳамин зуҳури нохуш рух медиҳад ва дар робита бо чунин падида 31.10.2003 сол «Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия» қабул гашт, ки номгӯи чорабиниҳои мубориза зидди коррупсионии он чун дастурамал ба шумор меравад. Роҳандозӣ ва ҳамкориҳои дуҷониба чи дар дохил ва чи дар хориҷи кишвар яке аз роҳҳои беҳтарину манфиатбахштарин аст.