ТОБЕИЯТИ ИДОРАВИИ ПАРВАНДАҲО БА СУДИ ИҚТИСОДӢ- Судяи суди иқтисодии вилояти Суғд Эмомолизода Наврӯз

Posted by

Ташкили судҳои иқтисодӣ ҳамчун шохаи мустақили низоми судӣ масъалаи тақсимкунии салоҳиятро дар байни судҳои иқтисодӣ ва судҳои умумӣ ба миён овард.

Қоидаҳои умумии тобеияти парвандаҳо ба суди иқтисодӣ дар моддаи 26 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардиданд, ки мувофиқи онҳо ба салоҳияти судҳои иқтисодӣ баррасии парвандаҳо оид ба баҳсҳои иқтисодӣ мансубанд, ки аз муносибатҳои ҳуқуқии шаҳрвандӣ, маъмурӣ ва дигар муносибатҳои ҳуқуқӣ бармеоянд. 

Мувофиқи қисми 1-2 моддаи 26 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба судҳои иқтисодӣ парвандаҳои вобаста ба фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ тобеияти идоравӣ доранд, судҳои иқтисодӣ баҳсҳои иқтисодӣ ва дигар парвандаҳоро бо иштироки шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, инчунин дар ҳолатҳои пешбиникардаи Кодекси мазкур ва дигар қонунҳо, бо иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти хокимияти давлатӣ, дигар мақомот, шахсони мансабдор, воҳидҳое, ки мақоми шахси ҳуқуқиро надоранд ва шаҳрвандоне, ки мақоми соҳибкори инфиродиро доро нестанд (минбаъд – ташкилотҳо ва шаҳрвандон) баррасӣ ва ҳал менамоянд.

Баҳси иқтисодӣ ин баҳсе мебошад, ки бо ба амал баровардани фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ алоқаманд аст.

Мансуб донистани парвандаҳо ба тобеияти идоравии судҳои иқтисодӣ, аз руи қоидаҳои умумӣ ба ду хусусият тааллуқ дорад:

1) аз рӯи хусусияти баҳс;                      

2) аз рӯи субъекти иштирокчиёни баҳс.

Ҳангоми ҳал намудани масъалаи тобеияти идоравии баҳсҳо ба судҳо иқтисодӣ бояд ин ду ҳолат, яъне субъект ва хусусияти баҳс дар маҷмуъ ҷой дошта бошад. Ҳангоми ҷой надоштани яке аз ин ҳолатҳо, баҳс бояд дар судҳои умумӣ баррасӣ карда шавад.

Масалан: баҳси ду соҳибкори инфиродӣ «Оид ба беэътибор донистани шартномаи хариду фурӯши манзили истиқоматӣ» чунин баҳс аз рӯи хусусияти баҳс бояд дар судҳои умуми баррасӣ карда шавад, зеро гарчанде тарафҳо дар судҳои иқтисодӣ субъект шуда тавонанд ҳам, хусусияти баҳс иқтисодӣ нест ва ба фаъолияти соҳибкории онҳо алоқамандӣ надорад.

Субъектони баҳсҳое, ки ҳал намудани онҳо ба тобеияти идоравии судҳои иқтисодӣ мансубанд, инҳоянд:

  1. Шахсони ҳуқуқӣ
  2. Шаҳрвандоне, ки фаъолияти соҳибкориро бе ташкил намудани шахси ҳуқуқӣ амалӣ намуда, мақоми соҳибкори инфиродиро бо тартиби  муқарраркардаи қонун доро нестанд.
  3. Ташкилотҳое, ки шахсони ҳуқуқӣ намебошанд ва шаҳрвандоне, ки дорои мақоми соҳибкори инфиродӣ намебошанд.
  4. Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти давлатӣ, дигар мақомот ва шахсони мансабдор.
  5. Ташкилотҳои хориҷӣ, байналмиллалӣ, шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд.

Парвандаҳо бо субъектони зикршуда байни судҳои иқтисодӣ ва умумӣ вобаста ба хусусияти баҳсҳо тақсим карда мешаванд.

Масалан: прокурор ба ҷавобгарии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ё ноҳия дар бораи беэътибор донистани қарори раиси ноҳия муроҷиат менамояд. Чунин категорияи баҳсҳо аз рӯи хусусияти баҳс метавонад ҳам дар судҳои умумӣ ва ҳам дар судҳои иқтисодӣ баррасӣ карда шаванд. Агар қарори раиси ноҳия ё шаҳр вобаста бо ба амал баровардани фаъолияти иқтисодӣ ё соҳибкорӣ алоқаманд бошад ё ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандон ва ташкилотҳоро дар ба амал баровардани фаъолияти соҳибкорӣ халалдор созад метавонад дар судҳои иқтисодӣ баррасӣ ва ҳал карда шавад. Дар акси ҳол бошад, яъне, агар қарори раиси ноҳия ба фаъолияти соҳибкорӣ алоқаманд набошад, масалан дар бораи вобаста кардани замини наздиҳавлигӣ бошад тобеияти суди умумӣ дорад.

Тавре дар боло қайд кардем судҳои иқтисодӣ парвандаҳоро бо иштироки шаҳрвандоне, ки мақоми соҳибкори инфиродиро нестанд баррасӣ мекунанд.

Қонунгузор дар ин ҷо моддаи 50-и Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар назар дорад. Дар ҳолати ба парванда ворид шудани шаҳрванд, ки дорои мақоми соҳибкори инфиродӣ намебошад ба сифати шахси сеюм, ки нисбат ба предмети баҳс талаботи мустақилона арз намемекунад, ҳангоми ғайриимкон будани ҳалли ин баҳс бе иштироки ин шахсон.

Аризаи даъвогии ба истеҳсолоти суд қабулгардида бояд моҳиятан баррасӣ гардад, новобаста аз он, ки дар оянда ба парванда шаҳрванди мақоми соҳибкорӣ надошта ба сифати шахси сеюм ҷалб карда шавад.

Масалан: доир ба парвандаҳо оид ба рӯёнидани маблағҳои қарзӣ аз ҳисоби амволи ба гаравгузошташуда, агар дар рафти баррасии парванда муайян гардад, ки амволи таҳти гарав қарор дошта моликияти умумие бошад, ки барои ба гарав мондани он розигии шаҳрванд лозим бошад, ки ҳангоми ба гарав гузоштан розигии ӯ гирифта нашуда бошад ё гарав моликияти якҷояи зану шавҳаре бошад, ки дар парванда чунин розигӣ мавҷуд набошад. Судҳоро зарур аст, ки ин шахсонро ба парванда ба сифати шахсони сеюм ҷалб намоянд, зеро дар сурати қонеъ гардонидани даъво ҳалнома ба ҳуқуқу манфиатҳои шахсони зикркарда таъсир мерасонад, ки ин дар марҳилаҳои кассатсионӣ ва назоратӣ асос барои бекор кардани санадҳои судӣ мегардад.

Тавре дар боло қайд намудем, ки мувофиқи қисми 2 моддаи 26-и Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои иқтисодӣ парвандаҳоро бо иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомотҳо баррасӣ менамояд. Моддаи мазкур дар зери мафҳуми дигар мақомотҳо, мақомоти Прокуратура, Андоз, Гумрук, Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхона ва ташкилотҳоро дар назар дорад.

Мувофиқи моддаи 27 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои иқтисодӣ баҳсҳои иқтисодиеро, ки аз муносибатҳои ҳуқуқии гражданӣ бармеоянд ва дигар парвандаҳоеро, ки бо фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ вобастаанд ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур ва дигар қонунҳои бо ташкилотҳо ва шаҳрвандони дигар вобастаро бо тартиби истеҳсолоти даъвогӣ баррасӣ менамоянд.

Моддаи мазкур қоидаҳои умумии тобеияти идоравии парвандаҳоро ба судҳои иқтисодӣ муфассал менамояд. Моддаи мазкур муқоиса ба моддаи 26-и Кодекс ягон чизи навро ворид наменамояд. Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду намуди баҳсҳои иқтисодиро, ки тобеияти идоравии судҳои иқтисодӣ мебошанд қайд менамояд.

  1. Баҳсҳои иқтисодие, ки аз муносибатҳои ҳуқуқи гражданӣ бармеоянд;
  2. Баҳсҳое, ки аз муносибатҳои ҳуқуқи маъмурӣ ва оммавӣ бармеоянд.

Дар Кодекс номгӯи ин парвандаҳо наомадааст, лекин хусусиятҳои ин парвандаҳо субъектҳои муайян ва муносибатҳои ҳуқуқии муайяне, ки байни ин субъектҳо пайдо мешаванд, мебошанд. Номгӯи намунавии ин баҳсҳои иқтисодӣ чунин аст, дар бораи ихтилофот аз рӯи шартнома, ки бастани онҳоро қонун пешбинӣ кардааст ё барои ҳал ба суди иқтисодӣ фиристодани ихтилофот аз ҷониби тарафҳо мувофиқа шудааст, дар бораи тағйир додани шартҳо ё бекор намудани шартномаҳо, дар бораи иҷро накардан ё ба таври бояду шояд иҷро накардани уҳдадориҳо, дар бораи эътироф намудани ҳуқуқи моликият, дар хусуси аз тарафи молик ё аз тарафи соҳиби дигари қонунӣ талаб карда гирифтани амвол аз соҳиби ғайриқонунӣ азхудкарда, дар бораи риоя карда нашудани ҳуқуқи молик ё соҳиби дигари қонунӣ, ки ба маҳрум намудан аз моликият вобаста намебошад, дар хусуси ҷуброн кардани зарар, дар хусуси ҳимояи шаъну шараф ва одоби касбӣ дар соҳаи соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ.

Тибқи моддаи 28 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баҳсҳои иқтисодиеро, ки аз муносибатҳои ҳуқуқи маъмурӣ ва дигари оммавӣ бармеоянд, инчунин дигар парвандаҳои ташкилотҳо ва шаҳрвандонро, ки бо фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар парвандаҳои фаъолияти иқтисодӣ алоқаманданд, бо тартиби истеҳсолоти судии маъмурӣ баррасӣ менамоянд:

– дар бораи баҳсталаб будани санадҳои ҳуқуқии ғайримеъёрии мақомоти давлатӣ, қарорҳо ва амали (беамалии) мақомоти давлатӣ, дигар мақомот ва шахсони мансабдор, ки ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии аризадиҳанда дар соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ дахлдор аст;

– дар бораи аз шаҳрвандон ва ташкилотҳое, ки бо фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ машғуланд, рӯёнидани пардохтҳои ҳатмӣ, муҷозот, ба шарте, ки бо қонун тартиби дигари рӯёндани онҳо пешбинӣ нашуда бошад;

– дар бораи аз буҷет баргардонидани маблағе, ки мақомоти назоратӣ бо вайрон кардани тартиби қонун ё дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ бебаҳс (беаксепт) аз ҳисоб баровардааст;

– дигар парвандаҳое, ки аз муносибатҳои ҳуқуқи маъмурӣ ва дигари оммавӣ бармеоянд, агар бо қонун баррасии онҳо ба салоҳияти суди иқтисодӣ дахл дошта бошад.

Субъектони баҳсҳои зикргардида аз як тараф шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ аз тарафи дигар бошад мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор ва дигар мақомотҳо. Мақомотҳои номбаршуда, шахсони мансабдор дар баҳсҳои мазкур ба сифати субъектҳое, ки ҳуқуқи оммавиро амалӣ менамоянд (яъне, санадҳои ҳуқуқӣ нашр менамоянд, қарор қабул мекунанд, амале иҷро мекунанд, ки аҳамияти ҳуқуқӣ доранд иштирок менамоянд). Дар навбати аввал парвандаҳо дар бораи мавриди баҳс қарор додани санадҳои ҳуқуқии ғайримеъёрии мақомот ва шахсони мансабдори ҳокимияти иҷроия, Хадамоти Гумрук, Андоз ва ғайраро дар назар дошта мешавад. Умуман моддаи мазкур мавриди баҳс қарор додани қарорҳои раиси ноҳия, шаҳр, санадҳои фармоишии дигар мақомотҳо ва дигар санадҳои мақомотҳоеро дар назар дорад, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ ва иқтисодӣ алоқаманд аст. Масалан: қарори раиси ноҳия дар бораи қатъ гардонидани ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замини ба хоҷагии деҳқонӣ вобасташуда.

Сархати дуюми моддаи мазкур парвандаҳоро дар бораи рӯёнидани пардохтҳои ҳатмӣ, муҷозот аз ҳисоби шаҳрвандон ва ташкилотҳое, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ ва иқтисодӣ машғуланд, дар назар дорад. Масалан: ҳангоми аз тарафи соҳибкори инфиродӣ ё шахси ҳуқуқӣ ба таври ихтиёрӣ пардохт накардани пардохтҳои ҳатмӣ, яъне андоз, ҳифзи иҷтимоӣ ва ғайра дар асоси аризаи мақомоти давлатӣ ва дигар мақомотҳо баррасӣ карда шавад.

Мувофиқи моддаи 29, 30, 31 ва 32 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тобеияти парвандаҳо дар бораи муқаррар кардани фактҳои дорои аҳамияти ҳуқуқӣ, баҳсталаб будани ҳалномаи суди ҳакамӣ ва додани варақаҳои иҷро барои иҷрои маҷбурии ҳалномаи суди ҳакамӣ, дар бораи эътироф кардан ва ба иҷро расонидани санадҳои судҳо ва арбитражҳои хориҷӣ ва тобеияти махсуси идоравии парвандаҳо ба судҳои иқтисодӣ танзим гаштааст.

Дар маҷмуъ, қобили зикр аст, ки тобеияти идоравии парвандаҳо ба судҳои иқтисодӣ аз рӯи хусусият (баҳсе ки бо ба амал баровардани фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ алоқаманд аст) ва субъект (шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба чунин фаъолият машғуланд, инчунин субъектони муқаррарнамудаи қонун) нисбат ба судҳои умумӣ мавриди таносуб қарор дода мешаванд. Дар акси ҳол, оқибати риоя накардани қоидаҳо дар бораи тобеияти идоравии баҳсҳо ба судҳои иқтисодӣ то қабул ба истеҳсолоти асос барои рад аз қабул ва баъди ба истеҳсолоти суд қабул кардани аризаи даъвогӣ (ариза), боиси қатъ намудани истеҳсолот аз рӯи парванда мегардад.