Ҷавонон –ҷавҳари ҳастӣ ва бақои умри миллат.

Ҷавонон –ҷавҳари ҳастӣ ва бақои умри миллат.

Муносибати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи мактабу маориф собит месозад. ки давлат тамоми таҳаввулоти замони имрӯзаро, ки дар баъзе минтақаҳои ҷаҳон барои арзишҳои умумибашарӣ хусусияти хеле хавфнок ва таҳдидоварро касб намудааст, амиқ эҳсос менамояд. Зеро Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ берун набуда, ҷангҳои харобиовар дар як қатор давлатҳо боиси бекорӣ ва шиддат гирифтани масоили дигари иҷтимоӣ гардида, хатари терроризм ва ифротгароӣ бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба масоили ҷиддитарини инсоният табдил ёфта, ба ҳамаи давлатҳои ҷаҳон таъсири манфии худро расонида истодааст.

Тарбияи насли бомаърифату бофарҳанг ва хушахлоқро дар маркази диққати ҳамешагии давлат қарор дошта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми чораҳои заруриро андешида истодааст, ки насли наврас ҳамчун захираи бебаҳои инсонӣ ба таълиму тарбияи сазовору арзанда фарогир бошад. Мақомотӣ давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати тарбияи дурусти насли наврас ба падару модар мусоидат намуда, тарзи ҳаёти солимро мунтазам тарғиб менамоянд. Барои ин рисолати муҳими миллӣ бояд ҷомеа низ масъулият бар дӯш дошта бошанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон равияҳои мухталиф ва гуногунандеширо, ки дар ҷамъияти кунунӣ ба вуқӯъ пайвастааст ва паҳншавии ақидаҳои бегонаю ба фарҳанги тоҷик мухолифро ба ҳисоб гирифта, бамаврид таъкид намудаанд: «Вобаста ба равандҳои ҷаҳонишавӣ ва шиддат гирифтани муҳорибаҳои иттилоотӣ, ҳамчунин воридшавии мафкураи бегона ба зеҳни ҷомеа институтҳои илмиву тадқиқотии Академияи илмҳо, академияҳои соҳавӣ, Маркази таҳқиқоти стратегӣ, дигар марказҳои илмӣ ва кафедраҳои ҷомеашиносии муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро зарур аст, ки ба таҳқиқу таблиғи масъалаҳои худшиносиву худогоҳӣ, ҳифзи арзишҳои миллии таърихиву фарҳангӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии демокративу дунявӣ, пойдории ваҳдат ва суботи ҷомеа таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд».

Пӯшида нест, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар доираи равандҳои ҷаҳонишавӣ ба буҳрони шадиди куллӣ ва умумӣ гирифтор гардидааст. Заминаи ин ҳама нокомиҳо ва сарчашмаи буҳрони ҷаҳонӣ дар сарфи назар намудаани ақлу хирад ва инсондустӣ мебошад. Барои тасдиқи мавқеъ қайд намудан лозим аст, ки имрӯз ҷаҳонро таасуби динӣ, наҷодӣ ва ғоявӣ фаро гирифтааст ва аз ин падидаҳои номатлуб наврасону ҷавононро ба доми худ мекашад. Дар ин замина ба гурӯҳҳои террорстӣ ва ифротгароӣ гаравидани баъзе аз ҷавонони аз тарбияи ватандӯстӣ дур ва аз таъриху фарҳанги миллии худ ноогоҳ низ боиси нигарнӣ набуда наметавонад.

Мутаасифона дар доираи ҷаҳонишавӣ бо истифода аз муњорибањои иттилоотї, аслиња ва техникаи пешрафтаи муњосир  абадќудратњои љањони имрўза мехоњанд, дину фарњанг,  ѓояву сиёсат ва арзишњои бегонаро ба миллату давлатњои дигар бо роњи зероварї љорї кунанд. Дар аксар маврид қурбониёни чунин бархӯрдҳо наврасону ҷавононе мегарданд, ки дур аз илму фарҳанг монда, худшиносӣ ва худогоҳии миллиро дар худ таҳким надодаанд.

Маҳз дар чунин ҷаҳони пуртазод ва олами бархӯрди манфиатҳои геополитикӣ, наврасону ҷавонони Тоҷикистони азизамон  чун миллионҳо наврасону ҷавонони давлатҳои дигар қарор доранд. Ҷавонони имрӯзаи тоҷикро зиракии сиёсӣ мебояд ва дарки он, ки дар ғами Тоҷикистон ғайр аз тоҷику тоҷикистониён, ба ҷуз фарзандонаш касе нахоҳад расид, моро тарк накунад. Зеро аён аст, ки ин сарзамин мамлакати моро нафаре мисли худи моён дӯст намедорад ва дар фикри ободиву осоиши давлатамон нест. Шукуфоии давлати тоҷикон ба ҳар як фарди тоҷик, наврасону ҷавонони мо, ки неруи пешбарандаи давлату ҷамъият маҳсуб меёбад, вобастагӣ дорад.

Ҷавонон ояндаи миллатанд ва соҳибмаърифатӣ, ҳудогоҳу худшиносии онон аз бисёр ҷиҳат садди халалдорсозии осоишу субот ва пешравии давлату ҷамъият гардида намегузорад, ки гурӯҳҳои ифротгарои трансмиллӣ ба ояндаи давлатдории тоҷикон таъсирот гузорад.

Мувофиқи маънидоди муҳаққиқон таҳти ибораи «Худшиносии миллӣ» пеш аз ҳама, Ватани худ ва гузаштаи халқу миллати ҳамин Ватан, фарҳанг, урфу одатҳои онро донистану омӯхтан фаҳмида мешавад. Гузашта аз ин худшиносии миллӣ ин муайян кардани тараққиёти кишвари худ буда, баҳри истиқлолияти кишвар заҳмат кашидан, роҳи тараққиёти минбаъдаи онро муайян кардан аст, ки ин дар маҷмӯъ худшиносии миллиро ифода менамояд. Худшиносии миллиро шахс бо назардошти тамаддун ва посдории арзишҳои волои инсонӣ, қадрдонӣ ва ҳифзи мероси адабиву фарҳангӣ, барои дар оянда муайян кардани тақдири худ истифода мебарад, ки он масъулиятнокиро баланд мебардорад.

Худогоҳии миллии ҷавонон бошад бештар эҳсосот, ирода ва руҳияти миллатро тағйир дода, ба тарзи зиндагиаш таъсир мерасонад. Дар ҳамин радиф аз суханони олимон худогоҳии миллӣ ин танҳо ҳимояи манфиатҳои миллати худ набуда, балки ба пешрафти миллат ва мамлакат, ба тараққиёти минбаъдаи он таъсири мусбӣ расонида, воқеаву ҳодисаҳои дохиливу хориҷи кишвар ва Ватанро дуруст баҳогузорӣ кардан мебошад. Ба ҳамин маъно худогоҳии миллии ҷавонон барои давлат нишонаи асосӣ буда, он дар ғурури миллӣ васеътар ифода меёбад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷодда як нуктаи муҳимро таъкид намудаанд: «…Бешак, умумияти фарҳангӣ аз ҳар навъ иттиҳоди идеологӣ бартар аст ва маҳз тамаддун ва посдории арзишҳои волои инсонӣ метавонад башариятро аз буҳрон ва касодии маънавӣ раҳоӣ бахшад. Ба ин хотир, баргузории солгарди бузургони илму адаб ва сиёсату фарҳанги миллӣ, қадрдонӣ ва ҳифзи мероси адабиву фарҳангӣ аз рукнҳои асосии сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистони соҳибихтиёр ба шумор меравад». Амалисозии ин рукни сиёсии давлат ва гузаронидани чунин чорабиниҳо дар иштироки васеи наврасону ҷавонон аҳамиятнокии маҳфилҳои фарҳангиро дучанд мегардонад.

Дар ҳамин замина дар суханронии худ пешвои миллат -Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба ҷашни 600-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ қайд намуда буданд, ки «…яке аз афзалиятҳои барҷастаи замони истиқлолият ин аст, ки имрӯз мо имкони бештару беҳтари қадршиносӣ кардан ва ҳамзамон бо ин, муаррифӣ намудани фарзандони фарзонаи миллати соҳибтамаддунамонро ба ҷаҳониён дар ихтиёр дорем».

Дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабинии мазкур ва суханронии Роҳбари давлат дар таҷлили ҷашнвора рамзист ва бо худ як навъ эҳтиром ба таърих, адабиёт ва фарҳанги тоҷик мебошад. Бо ишора ба таърих, илму фарҳанг, дар руҳияи худшиносӣ ва арзишҳои олии башарӣ тарбия намудани наврасону ҷавонон вазифаи аввалиндараҷаи ҳам давлат ва ҳам ҷомеаи муосир (ҷомеаи шаҳрвандӣ) ба шумор меравад. Каҷрави дар ин самт оқибатҳои нораво дорад, зеро маҳз наврасону ҷавонон имрӯз, шояд аз таҷрибаи кофии ҳаётӣ надоштан бошад, бисёртар гирифтори бархӯрдҳои ақидавию мазҳабӣ мешаванд.

Айни замон терроризм ва ифротгароии динӣ хусусияти ҷаҳонӣ пайдо намуда, қариб, ки тамоми кишварҳо ва минтақаҳои дунёро зери хатар гузоштаст. Мувофиқи маълумоти мутахассисон, алҳол дар дунё қарибии 500 ташкилоту гурӯҳҳои террористию ифротгароӣ арзи вуҷуд доранд, ҳаштод фисади онон таҳти ниқоби дини мубини ислом фаъолият мебаранд. Мақсади ин гурӯҳ ва ҳаракатҳои ифротгаро аз қабили «ал-Қоида», «Бародарони аҳли ислом», «Ҳизб-ут-таҳрир», «ал-Ҷиҳод ал-Исломӣ», «ат-Такфир», «Ҷабҳат ан-Нусрат» ва ғайра ноором сохтани вазъи сиёсиву иҷтимоии давлатҳо бо воситаи гузаронидани таблиғоти носолим байни наврасону ҷавонони гумроҳшуда мебошаду бас.

Лозим ба ёдоварист, ки бо баробари пурзӯр гардидани мубориза бар зидди ифротгароӣ ва зери таъқибу фишор қарор гирифтани аъзоёни онҳо, гурӯҳҳои ифротгароён истифодаи технологияиҳои муосирро пеша намуданд. Аз маълумотҳои мавҷуда бармеояд, ки солҳои охир ифротгароён барои амалӣ намудани мақсадҳои зишти хеш ва бурдани муҳорибаҳои иттилоотӣ дар ҷодаи вайронсозии мафкур, забти шуури наврасону ҷавонон, аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мекунанд. Оммавияти шабакаҳои интернетӣ ба ифротгароён барои дар байни аҳолӣ (таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки бахусус байни наврасону ҷавонон) тарғиб ва паҳн кардани ақидаи вайрон ва фаъолияти ҷинояткоронаи худ имкониятҳои васеъ фароҳам овардааст. Дар ҳамин замина дар муассисаҳои таълимӣ ташкил ва гузаронидани корҳои фаҳмонидадиҳӣ бо волидайн ва наврасону ҷавонон ба мақсад басо мувофиқ мебошад.

Имрӯзҳо доғи рӯз дар ҷаҳон –ҳаракати зиддиисломии Давлати исломии Ироқу Шом (ИГИЛ) ба шумор меравад, ки бо мақсадҳои зишти аз дини мубини ислом фарсахҳо дур, ба нооромсозии вазъи минтақа ва ҳатто давлатҳои Аврупо даст задааст. Таасуф аз он дорем, ки ба сафи ҳаракати зиддиисломии «давлати исломӣ» аксаран ҷавонон ва мавридҳое ба назар мерасанд, ки ҳатто наврасону хурдсолон низ шомил мебошанд. Тавре аз маълумоти васоити ахбори оммавӣ бармеояд, алъон ҷангиёни Ҳаракати Исломии +збекистон оиди пайвастшавӣ ба Давлати исломии Ироқу Шом эълон доштанд ва бар замми ин дар қатори ин гуна ҷавонони роҳгумзада ҷавонони тоҷик низ дучор мешаванд, ки нораво мебошад. Дар майнаи сар ва зиндагии ба ном «муҷоҳидон»  ибораҳои машҳури «гуфтори нек, пиндори нек, рафтори нек» бо мафҳумҳои ҷаҳолатпарастонае, ки аз онҳо танҳо бӯйи қатлу куштор ва маҳви инсоният меояд, чун «ҷиҳод», «шаҳодат дар роҳи Худо», «моли кофир барои муъмин ҳалол» танг карда бароварда шудааст.

Тавре олимону муҳаққиқон қайд менамоянд, ҳаракати зиддиисломии Давлати исломии Ироқу Шом (ИГИЛ) ё дигар ташкилоту гурӯҳҳои террористию ифротгароӣ ба дини мубини ислом, мазҳаби мо ягон вобастагӣ надоранд ва ба ҷузъ рахнаандозӣ дар дину ҷамъият чизи дигаре нест. Доир ба ин масъала аз сухани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди он, ки «террорист миллату мазҳаб надорад»-ро оварда қайд менамоем, ки дар симои террорист на мусулмон ҳувайдо асту на муборизи роҳи ҳақиқат. Зеро дини мубини ислом динест, ки таҳаммулпазирӣ, инсонпарвариро ҳидоят намуда, барканор будан аз ҳамагуна амалҳои инсонбадбинонаро (аз он ҷумла куштор, ғорат, таҷовуз ва ғайра) талқин менамояд.

Ифротгароёни динӣ мазҳаб ва динро ҳамчун дастгоҳи муборизаҳои сиёсии худ истифода бурда, мехоҳанд ба василаи фишангҳои таъсиррасонӣ ба ғояҳои таҳкимнаёфтаи ҷавонон ононро ба гурӯҳу ҳаракатҳои зиддиисломии худ ҷалб намоянд. Бинобар ин ҷавонони моро ҳушёрӣ ва зиракии сиёсӣ мебояд, то ки ба доми ҳар гуна қаллобони сиёсии зери парчами дин амалкунанда наафтанд.

Рушду таҳкими маориф ҳамчун муҳимтарин омили давлатдории мо аз иҷрои бечуну чарои дастуру супоришҳои Сарвари давлат пешбинигардида сахт вобастагӣ дорад. Зеро ҳидоятҳои Ҷаноби Олӣ аҳкомҳои сафарбаркунанда ва раҳнамунсозандае мебошад, ки моро барои давлатсозиву давлатдорӣ дар заминаи ватандориву ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва инсондӯстиву ҳувияти миллӣ ҳидоят менамоянд. Баҳри амалӣ гардидани ин ҳадафҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ қабул гардида, дар доираи он сиёсати давлатии ҷавонон таҳрезӣ гардид. Аз ҷумла ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи барномаи давлатии рушди маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2005-2015», «Стратегияи рушди маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи такмил ва омӯзиши забони русӣ ва англисӣ барои солҳои 2015-2020» аз нав такмилу омӯзиш ёфт.

Дар шароити имрӯзи барои ҷомеаи мо идеологияи илмӣ ё ҷаҳонбинии илмӣ зарур аст, ки тавонад ҷавонони моро ба воқеияти худ ва ҷаҳон ба таври ростин ошно намояд. Он гоҳ ҳар «фидоиён», «шаҳидони роҳи ҳақ» ва «шаҳидон» метавонанд роҳи ояндаи зиндагии худро огоҳона интихоб намоянд.

 

                           Котиби суд                                                                       Валиева У.Ч.