Ҳ А Л Н О М А

Posted by

Парванда таҳти №1-  /2026     

Ҳ А Л Н О М А

  АЗ  НОМИ  ҶУМҲУРИИ  ТОҶИКИСТОН

шаҳри Хуҷанд                                                                                  24 феврали соли 2026

Суди иқтисодии вилояти Суғд дар ҳайати раисикунанда Ҳамроқулзода Борбад Аслиддин бо котибии Мухитдинова Малика Хикматуллоевна дар маҷлиси ошкорои судӣ дар бинои ҳамин суд, парвандаро бо аризаи даъвогии РХДОВС нисбати ҶДММ «Ҳ» дар бораи водор намудан ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои шартномавӣ, бо иштироки намояндаи даъвогар, баррасӣ намуда, –

МУАЙЯН   КАРД:

Даъвогар РХДОВС бо аризаи даъвогии зикршуда ба суд муроҷиат намуда, онро чунин асоснок намудааст, ки санаи 13-уми августи соли 2025 байни РХДОВС ҳамчун «харидор» ва ҶДММ «Ҳ» ҳамчун «молрасон», бо риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ» барои харидорӣ намудани як адад нақлиёти оташнишонии тамғаи «Д» қарордоди давлатӣ баста шудааст.

Дар асоси бандҳои 2.1 ва 5.1-и қарордод нархи умумии қарордод маблағи 774 400 сомонӣ нишон дода шудааст ва пардохт бояд тариқи ғайринақдӣ 100 фоиз ҳамчун пешпардохт ба суратҳисоби Молрасон гузаронида шавад.

Мутобиқи банди 3.1-и қарордод бошад таҳвили мол, яъне нақлиёти оташнишонии тамғаи «Д» бояд то охири семоҳаи 4-уми соли 2025 анҷом дода шавад.

Қобили зикр аст, ки аз ҷониби РХДОВС дар соли 2025 дар асоси супоришномаҳои пулӣ № 1015704 аз 18.09.2025 ба маблағи 200 000 (дусад ҳазор) сомонӣ, № 1278260 аз 05.11.2025 сол ба маблағи 419 520 (чорсаду нуздаҳ ҳазору панҷсаду бист) сомонӣ ва №1518638 аз 25.12.2025 сол ба маблағи 154 880 (яксаду панҷову чор ҳазору ҳашсаду ҳаштод) сомонӣ ҷамъи умумӣ ба маблағи 774 400 (ҳафсаду ҳафтоду чор ҳазору чорсад) сомонӣ пардохт карда шудааст, ки 100 % ташкил медиҳад.

Аммо ҷавобгар ҶДММ «Ҳ» талаботҳои қарордоди басташударо яктарафа вайрон намуда, нақлиёти оташнишонии тамғаи «Д»-ро то охири семоҳаи 4-уми соли 2025 ба даъвогар таҳвил накардааст.

Бинобар ин аз тарафи РХДОВС дар санаи 09 декабри соли 2025, ба унвони директори ҶДММ «Ҳ» Огоҳинама таҳти № 10/6- 3073 ирсол карда шуда, иҷрои саривақтии уҳдадориҳо талаб карда шудааст. Новобаста ба ҳолати мазкур ҷавобгар талаботҳои қарордоди басташударо ба иҷро нарасонида, нақлиёти оташнишонии тамғаи «Д»-ро то ҳол ба РХДОВС таҳвил накардааст.

Бо ин асосҳо хоҳиш намудааст, ки ҶДММ «Ҳ» уҳдадор карда шавад, ки дар асоси қарордодӣ давлатӣ, ки санаи 13-уми августи соли 2025 таҳти № 542704 бо РХДОВС ба расмият даровардааст, як адад нақлиёти оташнишонии тамғаи «Д»-ро дар муҳлатҳои қобили қабул (7 рӯз) ба РХДОВС таҳвил диҳад.

Намояндаи ваколатдори даъвогар Ш.Б.Ш дар маҷлиси судӣ аризаи даъвогиро ба пуррагӣ дастгирӣ намуда, монанди аризаи даъвогӣ баёнот дода, аз суд қонеъ намудани аризаи даъвогиро хоҳиш намуд.

Ҷавобгар ҶДММ «Ҳ» ба тариқи дахлдор, аз ҷумла тавассути кормандаш Э.Б.Ҳ. дар маҷлисҳои судӣ ба тариқи дахлдор оид ба вақт ва маҳалли маҷлиси судӣ хабардор карда шуда бошанд ҳам, вале бе сабабҳои узрнок ба маҷлиси судӣ ҳозир нашуданд.

Аз ин рӯ, суд тибқи талаботи қисми 5 моддаи 155 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон амал намуда, лозим донист, парвандаро дар ғоибии ҶДММ«Ҳ» баррасӣ намояд.

Суд маводи парвандаро омӯхта, баёноти шахси иштироккунандаи парвандаро шунида, ба чунин хулоса омад.

Тибқи талаботи қисми 1 моддаи 70 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суди иқтисодӣ ба далелҳо бо эътиқоди ботинӣ баҳо медиҳад, ки он ба таҳқиқи ҳамаҷониба, пурра, беғаразона ва бевоситаи далелҳои дар парванда мавҷуда асос меёбад.

Муайян карда шуд, ки санаи 13-уми августи соли 2025 байни РХДОВС ҳамчун «харидор» ва ҶДММ «Ҳ» ҳамчун «молрасон», бо риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ» барои харидорӣ намудани як адад нақлиёти оташнишонии тамғаи «Д» қарордоди давлатӣ баста шудааст.

Мутобиқи талаботи қисмҳои 1 ва 2 моддаи 356 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, уҳдадориҳо бояд ба таври матлуб мутобиқи шартҳои уҳдадорӣ ва талаботи қонунгузорӣ иҷро карда шаванд ва ҳангоми набудани чунин шарту талабот мутобиқи одатҳои муомилоти корӣ (моддаи 5 ҳамин Кодекс) ё талаботи маъмулан пешниҳодшуда анҷом дода шаванд.

Ҳангоми иҷрои уҳдадориҳо тарафҳо уҳдадоранд бовиҷдонона амал карда, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ҳамдигарро ба назар гиранд, барои ноил шудан ба мақсади уҳдадорӣ мусоидат намуда, инчунин иттилооти заруриро ба ҳамдигар пешниҳод созанд.

Дар асоси бандҳои 2.1 ва 5.1-и қарордод нархи умумии қарордод маблағи 774 400 сомонӣ нишон дода шудааст ва пардохт бояд тариқи ғайринақдӣ 100 фоиз ҳамчун пешпардохт ба суратҳисоби Молрасон гузаронида шавад.

Мутобиқи банди 3.1-и қарордод бошад таҳвили мол, яъне нақлиёти оташнишонии тамғаи «Д» бояд то охири семоҳаи 4-уми соли 2025 анҷом дода шавад.

Дар рафти маҷлиси судӣ муайн гардид, ки аз ҷониби РХДОВС дар соли 2025 дар асоси супоришномаҳои пулӣ № 1015704 аз 18.09.2025 ба маблағи 200 000 (дусад ҳазор) сомонӣ, № 1278260 аз 05.11.2025 сол ба маблағи 419 520 (чорсаду нуздаҳ ҳазору панҷсаду бист) сомонӣ ва №1518638 аз 25.12.2025 сол ба маблағи 154 880 (яксаду панҷову чор ҳазору ҳашсаду ҳаштод) сомонӣ ҷамъи умумӣ ба маблағи 774 400 (ҳафсаду ҳафтоду чор ҳазору чорсад) сомонӣ пардохт карда шудааст, ки 100 % ташкил медиҳад.

Мутобиқи талаботи қисми 1 моддаи 357 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, яктарафа рад кардани иҷрои уҳдадорӣ ва яктарафа тағйир додани шартҳои он иҷозат дода намешаванд, ба ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи қонун.

Суд аз маводи парванда ва баёноти шахси иштироккунандаи парванда муайян намуд, ки ҷавобгар ҶДММ «Ҳ» талаботҳои қарордоди басташударо яктарафа вайрон намуда, нақлиёти оташнишонии тамғаи «Д»-ро то охири семоҳаи 4-уми соли 2025 ба даъвогар таҳвил накардааст.

Мутобиқи талабаоти сархати 6 моддаи 11 Кодекси маданӣ, ҳуқуқҳои маданӣ бо тарзҳои зерин ҳимоя мешаванд: маҷбур намудан ба иҷрои уҳдадориҳо дар шакли асл.

Суд маводи парвандаро омӯхта, баёноти шахси иштироккунандаи парвандаро шунида, ба хулоса омад, ки айни ҳол ҷавобгар ҶДММ «Ҳ» ҳамчун тарафи шартнома уҳдадориҳои шартномавии худро иҷро накарда, дар муҳлати муқарраргардида, нақлиёти оташнишонии тамғаи «Д»-ро ба даъвогар таҳвил накардааст. Дар натиҷаи аз тарафи ҷавобгар иҷро накардани уҳдадориҳо ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии даъвогар халалдор гардида истодааст. Аз ин рӯ, суд лозим донист, ки ҷавобгарро уҳдадор намояд, ки уҳдадориро дар шакли асл иҷро намояд.

Суд хароҷоти судӣ дар намуди пардохти боҷи давлатиро мутобиқи талаботи моддаи 109 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима намуда, рўёнидани онро аз ҳисоби ҷавобгар ба фоидаи даъвогар, лозим шуморид.

Бо дастрасии моддаҳои 165-168, 172, 174 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суд,-

ҲАЛ  КАРД:

Аризаи даъвогии РХДОВС нисбати ҶДММ «Ҳ» дар бораи водор намудан ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои шартномавӣ, қонеъ карда шавад.

ҶДММ «Ҳ» уҳдадор карда шавад, ки талаботҳои қарордоди давлатӣ аз 13 августи соли 2025 таҳти №542704 бо РХДОВС басташударо иҷро намуда, як адад нақлиёти оташнишонии тамғаи «Д» – ро дар муҳлати як моҳ баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи мазкур ба РХДОВС таҳвил диҳад.

Аз ҳисоби ҶДММ «Ҳ» ба фоидаи РХДОВС маблағи боҷи давлатии пардохтшуда ба андозаи 150 (як саду панҷоҳ) сомонӣ руёнида шавад.

Аз болои ҳалнома ба марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати як моҳ шикояти кассатсионӣ овардан мумкин аст.

         Раисикунанда                                                                 Ҳамроқулзода Б.