Ҷавонон ва татбиқи корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ

Posted by

Бояд қайд кард, ки мувофиқи қисми 3-юми моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад”. Яъне, аз муқаррароти ин меъёри ҳатмии конститутсионӣ бармеояд, ки самти асосии фаъолияти давлатӣ дар таъмин намудани шароити зиндагии арзанда ба аҳолии мамлакат ва дастгирии иҷтимоии онҳо равона карда шудааст. Бевосита, ин нуктаро Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар баромадҳояшон қайд намуда, таъкид месозанд, ки “Таъмин намудани шароит барои зиндагии арзандаи сокинони кишвар ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат мебошад ва мо тамоми захираву имкониятҳоямонро барои расидан ба ин ҳадаф сафарбар сохта истодаем”.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати аҳолӣ дар ҷаҳон яке аз кишварҳои ҷавон маҳсуб меёбад. Ояндаи давлату миллати мо ба насли ҷавон мансуб буда, маҳз ҷавонон дар байни табақаҳои дигари аҳолӣ бештар фаъол, инчунин умед ва такягоҳи давлат мебошанд. Аз ин лиҳоз, ҷомеаи Тоҷикистон метавонад ба қудрат ва тавоноии ҷавонон дар таҳаввулоти иҷтимоию иқтисодӣ ва идораи давлатӣ эътимод намояд.

Сатҳи рушд ва нуфузи ҳар як кишвар дар арсаи байналмилалӣ, пеш аз ҳама, ба он вобаста аст, ки насли ҷавон то чи андоза дорои маърифати сиёсию фарҳангӣ ва ихтисосу дониши муосир буда, амалисозии масъулияти шаҳрвандии худ ва ҳадафҳои олии давлатро дарк менамояд. Ҳамзамон, сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҳамчун самти муҳими рушди ҷомеа баррасӣ карда шавад.

Дар маҷмуъ, ҳар як кишвари олам барои рушду нумуъ ва таҳкими давлатдорӣ, баланд бардоштани нуфуз ва эътибораш, пеш аз ҳама ба ақлу хирад, бунёдкориву созандагии ҷавонон такя намуда, ояндаи дурахшони хешро месозад.

Бояд таъкид намоям, ки ҷавонон имрўз самараи истиқлолияти давлатӣ ва нерўи тозаи пешбарандаи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Зеро дар ҳар вохўриҳояшон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки ҷавонон давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол ва ояндаи миллату давлат мебошанд.

Тавре аз суханронии Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон бармеояд: «Ҳадафи сиёсати давлатии мо дар бахши ҷавонон тарбияи кадрҳо, мутахассисони донишманду соҳибмаърифат, насли дорои ҷаҳонбинии васеъ ва хислатҳои ватандўстиву ватанпарастӣ мебошад».

Қобили зикр аст, ки аксарияти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро (70%) ҷавонон ташкил медиҳанд ва онҳо ҳамчун нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол пазируфта мешаванд. Дар судҳои иқтисодии ҶТ айни замон аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ, 40% кормандонро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Аз лаҳзаи ба даст овардани истиқлол то имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи бузурги созандагиву бунёдкориро пеша намудааст. Имрӯзҳо воқеан дар тамоми гӯшаву канори мамлакат корҳои ободонӣ ва созандагӣ вусъат дошта, рӯз ба рӯз ва сол ба сол симои шаҳру ноҳия ва ҳатто маҳалҳои дурдасти мамлакат куллан дигаргун гардида истодааст. Далели бебаҳс ва равшани ин бошад – бунёди роҳҳо, пулҳо, муассисаҳои таълимӣ, марказҳои тиббӣ, марказҳои гуногуни савдо, корхонаҳои истеъмолию истеҳсолӣ ва иншооти фарҳангиву варзишӣ мебошад. Ҳамаи ин дар маҷмуъ шаҳодати пешрафти кишвари азизамон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо заҳмати мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад. Дар чунин шароит эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» аҳамияти бузурги шахсӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дорад.

Ин ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ҳама ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рабт дошта, ҳадафи он боз ҳам ободу зебо ва сабз гардондани Ватан, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва таҳкими ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ мебошад. Зеро ободии давлат аз ободии ҳар як маҳалла, кӯча ва деҳа оғоз меёбад. Агар ҳар як шаҳрванд барои тозагӣ, сабзкорӣ ва нигоҳубини муҳити зист саҳм гузорад, ҷомеа боз ҳам пешрафта ва зебо мегардад. Ободонию созандагӣ яке аз суннатҳои қадимаи халқи тоҷик ба шумор меравад. Аҷдодони мо ҳамеша барои бунёди шаҳру деҳот, рушди илму фарҳанг ва ободии сарзамини худ саъю кӯшиш мекарданд. Имрӯз низ идомаи он анъанаи неку созанда – вазифаи муқаддасӣ ҳар як шаҳрвандихудшиносу худогоҳ мебошад. Ободонию созандагӣ танҳо сохтмони биноҳои нав нест, балки тозагии муҳит, нигоҳдории роҳҳо, сарсабзу гулгун намудани кӯчаҳо ва муносибати фарҳангӣ ба моликияти ҷамъиятиро низ дар бар мегирад.

Масъалаи тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ низ дар баробари корҳои ободонӣ аҳамияти калон дорад. Худшиносии миллӣ яке аз омилҳои муҳими пойдории давлат ва ваҳдати ҷомеа мебошад. Миллате, ки таърих, забон, фарҳанг ва арзишҳои миллии худро эҳтиром мекунад, метавонад истиқлолияти худро ҳифз намояд ва дар арсаи байналмилалӣ мавқеи шоиста дошта бошад.

Имрӯзҳо дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳифзи арзишҳои миллӣ барои ҳар як миллат аҳамияти махсус дорад. Аз ин рӯ, ҷавонон бояд таърихи пурғановати халқи тоҷикро омӯзанд, забони давлатиро эҳтиром намоянд ва фарҳанги миллиро пос доранд. Зеро ҷавонон ояндаи давлатанд ва пешрафти ҷомеа аз маърифат, дониш ва худогоҳии онҳо вобаста мебошад. Нақши ҷавонон дар татбиқи вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ хеле калон аст. Зеро ҷавонон воқеан метавонанд дар татбиқи корҳои ободонию созандагӣ иштирок ва мусоидаткунанда бошанд, аз он ҷумла, корҳои ободонии маҳал, ниҳолшинонӣ ва ободу тоза нигоҳ доштани ҷои зист, инчунин тозаву озода нигоҳ доштани ҷои корӣ ва фаъолона иштирок намудан дар шанбегиҳо ва корҳои дигари ҷамъиятӣ шаҳодати гуфтаҳои болост. Албатта дар ин корҳо ва амалҳои нек ба ҷавонон бояд насли калонсол бо рафтори намунавӣ, ободонию созандагӣ, эҳтиром ба қонун ва ҳисси баланди ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳӣ намунаи ибрат бошанд.

Нақши муассисаҳои таълимӣ ва оила дар ин самт муҳим мебошад. Омӯзгорон ва падару модар бояд насли наврас ва ҷавононро дар рӯҳияи меҳнатдӯстӣ, инсонпарварӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳӣ тарбия намоянд. Барои чунин амал аввалан омӯзгор ва падару модар худаш бояд дорои чунин рафтору пиндор бошад.

Агар ҷавонон соҳиби маърифати баланд ва ҳисси миллию сиёсӣ бошанд, онҳо метавонанд дар рушду шукуфоии давлат саҳми арзанда гузоранд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалисозии корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум тадбирҳои муҳим меандешад. Сохтмони неругоҳҳо, роҳҳои байналмилалӣ, муассисаҳои таълимӣ,  марказҳои хизматрасонӣ, сохтмони толорҳои варзишӣ ва дигар иншоотҳои фарҳангӣ барои пешрафти иқтисодиёт ва беҳбудии зиндагии ҷавонон ва дигар табақаҳои ҷомеа заминаи мусоид фароҳам меорад. Ин ҳама нишонаи сиёсати бунёдкорона ва ғамхории давлат нисбат ба мардум, махсусан ҷавонон мебошад. Ҳамчунин, корҳои созандагӣ барои рушди сайёҳӣ низ мусоидат мекунанд. Шаҳру ноҳияҳои тозаю озода диққати сайёҳонро ҷалб намуда, барои муаррифии фарҳанг ва таърихи тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат менамоянд. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди кишвар, махсусан ҷавонон бояд барои нигоҳ доштани тозагӣ ва ободии муҳити атроф масъулияти махсус эҳсос намоянд.

Албатта ҳамаи мову шумо, мактабу боғча, майдонҳои варзишӣ ва ё роҳҳо бунёд карда наметавонем, ҳамаи амал аз рӯи қобилияту маҳорату имконият анҷом дода мешавад. Дар ҳар ҳолат низ ҳатто худ напартофтани қуттии ин ё он ашё ба замин ё бардошта ба ҷойҳои махсус муқарраршуда гузоштани он,тоза нигоҳ доштани утоқҳои корӣ, синфхонаҳои таълимӣ низ аз ватандӯстӣ, саҳм гузоштан дар корҳои ободонию созандагӣ ва худшиносиву худогоҳии шахс дарак медиҳад.

Ҳамин тавр, метавон гуфт, ки эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» барои рушди ҳамаҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  аҳамияти бузург дорад. Ин иқдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо ба ободии шаҳру деҳот ва беҳтар шудани шароити зиндагии шоистаи мардум мусоидат мекунад, балки ҳисси ватандӯстӣ, худшиносӣ ва масъулияти шаҳрвандию касбиро низ дар ҷомеа тақвият мебахшад.

Ободонӣ ва созандагӣ нишонаи пешрафти ҳар як давлат буда, аз иштироки фаъолонаи шаҳрвандон, махсусан ҷавонон вобаста аст. Ҳар як шахс, новобаста аз синну сол ва касб, метавонад дар тозагии муҳит, сабзкорӣ, ҳифзи табиат ва нигоҳубини ҷойҳои ҷамъиятӣ саҳм гузорад. Ин амалҳо на танҳо симои зоҳирии кишварро зебо мекунанд, балки фарҳанги баланди миллиро низ нишон медиҳанд.

Ҳамчунин дар ин радиф таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ кафолати устувории давлат ва ваҳдати ҷомеа ба шумор меравад. Миллате, ки таърих, забон ва фарҳанги худро гиромӣ медорад, ҳамеша устувор ва пешрафта мемонад.

Аз ин рӯ, ҷавонон бояд ҳамчун қувваи асосии ҷомеа дар роҳи омӯзиши арзишҳои миллӣ, ҳифзи анъанаҳо ва дигар самҳои созандагию ободокорӣ ба  Ватан фаъол бошанд. Дар натиҷа метавон гуфт, ки танҳо бо ҳамгироии меҳнати созанда, дониш, худшиносӣ ва масъулият метавон ояндаи дурахшони кишварро таъмин намуд. Соли 2026 бояд барои ба марҳилаи нави рушд ва таърихӣ, ваҳдат ва ободии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфтан ва барои наслҳои оянда заминаи устувор гузоштан мусоидат намояд.

Хулоса,  аз ҷониби Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалигардонии ҳама гуна марому мақсад ва ҳадафу орзуҳои созандаи насли ҷавон дастгирӣ карда, ба мо – ҷавонон тамоми имкониятҳои мавҷударо фароҳам оварда истодааст. Дар навбати худ мо – ҷавонони замони истиқлол, пайравони Пешвои миллат сиёсати сулҳҷўёнаву дарҳои кушод ва созандаи ўро ҷонибдорӣ карда мебояд, ки ба ин ғамхориву имкониятҳо шукргузорӣ намуда, ҷавобан бо хизмати софдилонаи худ, пешниҳоду ташаббусҳои созанда, махсусан дар татбиқи сиёсати давлат дар самти корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагидорӣ бо дилу нияти пок ба халқ ва Ватани азизи хеш хизмат намуда, парчамбардори миллату давлат ва ҳимоятгари марзу буми аҷдодии хеш бошем.

Судяи Суди иқтисодии вилояти Суғд,

номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ                    Эмомализода Навруз Эмомалӣ