Санаи 4 апрели соли 2026 дар Суди иқтисодии вилояти Суғд бо мақсади сазовор ва дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 35 солагии Истиқлолияти давлатӣ шанбегӣ баргузор гардид.
Дар шанбегӣ гирду атрофи бино, ҷуйбори обгузар аз хазонҳо тоза карда шуда, шохаҳои ниҳолҳо ба тартиб дароварда шуд. Инчунин дар утоқҳои корӣ ва даруни бино корҳои тозагӣ ба анҷом расонида шуд.


