ҲАЛНОМА

Posted by

ҲАЛНОМА

АЗ  НОМИ  ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

19-уми феврали соли 2026                                                       шаҳри Хуҷанд

                                                                                      Парвандаи № 1-  /2026

Суди  иқтисодии вилояти Суғд таҳти раисии судя ДавлатзодаТ.Ш., бо котибии Набиев Х., дар маҷлиси ошкорои судӣ дар бинои Суди иқтисодии вилояти Суғд парванда бо даъвои Прокурори вилояти Суғд ба манфиати Филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Истаравшан ба ҷавобгарии ҶДММ “МД” дар бораи рӯёнидани қарзи истифодаи қувваи барқ ба маблағи 105 000,60 сомониро,  бо иштироки намояндаи прокурор М.Т. ва намояндаи даъвогар Т. О., баррасӣ намуда,

Муайян  кард:

Прокурори вилояти Суғд ба манфиати Филиали ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Истаравшан бо аризаи даъвогии дар боло зикршуда ба Суди иқтисодии вилояти Суғд, муроҷиат намудааст. Даъво бо он асоснок карда шудааст, ки байни Филиали ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Истаравшан ва ҶДММ “МД” санаи 25-уми апрели соли 2022 таҳти № 6600135 оид ба таъмини қувваи барқ шартнома ба расмият дароварда шудааст.

Мувофиқи талаботи банди 2.4-и шартномаи мазкур муштари бояд маблағи нерўи барқи истифодашударо то санаи 10 моҳи ҷорӣ пардохт менамудааст.

Бинобар пурра иҷро нашудани талаботи шартнома аз тарафи ҶДММ “МД” қарзи он ба ҳолати 01-уми апрели соли 2023 дар назди даъвогар ба маблағи 105 000,60 сомонӣ баробар гардидааст. Ҳолати зикршударо санади муқоисавӣ аз 05-уми  апрели соли 2023 тасдиқ менамудааст. Аз суд хоҳиш кардааст, ки аз ҳисоби ҶДММ “МД” ба манфиати Филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Истаравшан қарзи истифодаи қувваи барқ ба маблағи 105 000,60 сомонӣ рӯёнида шуда, пардохти боҷи давлатӣ ба зиммаи ҷавобгар вогузор карда шавад.

Дар маҷлиси судӣ намояндаи даъвогар Филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Истаравшан Т.О.,  ва прокурор М.Т., аризаи даъвогиро бо асосҳои дар он овардашуда дастгири карда, ба мазмуни ваҷҳҳои дар аризаи даъвогӣ овардашуда монанд баёнот дода, қонеъ кардани талаби даъворо аз суд хоҳиш кардаанд.

Дар  маҷлиси судӣ намояндаи ҷавобгар ҶДММ “МД” А.В. аризаи даъвогиро бо асосҳои дар он овардашуда эътироф карда, аз суд хоҳиш кардааст, ки парванда мутобиқи қонун баррасӣ карда шавад.

Суд баёноти намояндагони тарафҳоро шунида, маводҳои парвандаро муҳокима намуда ва ба онҳо баҳои ҳуқуқӣ дода, бо асосҳои зерин қонеъ намудани даъворо лозим шуморид.

Мувофиқи талаботи банди 4 Қарори Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №3 «Дар бораи ҳалномаҳои судӣ» аз 26 ноябри соли 2009 суд ҳангоми қабули ҳалнома бояд далелҳо ва ваҷҳҳои иштироккунандагони парвандаро, ки барои асосноккунии талаботҳо ва норозигиҳои худ пешниҳод кардаанд, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки суд ҳангоми қабули ҳалнома ба роҳбари гирифтаст ва ваҷҳҳое, ки дар асоси онҳо суд қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки шахсони иштироккунандаи парванда ба онҳо такя кардаанд,  нишон дода шаванд.

Тибқи моддаи 70 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон суди  иқтисодӣ ба далелҳо бо эътиқоди ботинӣ баҳо медиҳад, ки он ба таҳқиқи ҳамаҷониба, пурра, беғаразона ва бевоситаи далелҳои дар парванда мавҷудбуда асос меёбад.

Аз рўи талаботи қисми 1 моддаи 595 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, ки тибқи шартномаи таъмини энергия ташкилоти таъминкунандаи энергия уҳдадор мешавад тавассути шабакаи васлшуда энергия диҳад ва мизоҷ бошад, уҳдадор мегардад энергияи қабулкардаашро пардохт намояд, инчунин риҷаи истифодаи онро, ки дар шартнома пешбинӣ шудааст, риоя намояд, таъмини бехатарии истифодаи шабакаҳои энергетикии таҳти ихтиёраш қарордошта, инчунин дастгоҳ ва таҷҳизоти мавриди истифодаашро вобаста ба истифодаи энергия дар ҳолати коршоям нигоҳ дорад.

Суд муайян намуд, ки санаи 25-уми апрели соли 2022 байни Филиали ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Истаравшан ва ҶДММ “МД” оид ба интиқол, истифодабарӣ ва пардохти маблағи истифодаи қувваи барқ шартнома ба расмият дароварда шудааст.

Мувофиқи бандҳои 1.1-и шартномаи мазкур Ташкилоти таъминкунандаи барқ уҳдадор шудааст, ки интиқоли қувваи барқро ба муштарӣ аз тариқи хатти барқӣ бевосита ба шабакаҳо ташкилоти таъминкунандаи барқ васлшуда, интиқол намояд. Дар навбати худ муштари уҳдадор шудааст, ки маблағи истифодаи қувваи  барқро пардохт намояд.

Тавре дар маҷлиси судӣ аз баёноти намояндагони тарафҳо ва маводҳои дар қабати парванда мавҷудбуда муайян карда шуд, дар асоси шарномаи мазкур Филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Истаравшан  тибқи талаботҳои шартнома, уҳдадориҳои шартномавии худро дар назди ҷавобгар вобаста ба интиқоли қувваи барқ иҷро карда, ҶДММ “МД” ро бо нерўи барқ таъмин кардааст.

ҶДММ “МД” бошад дар навбати худ уҳдадориҳои шартномавиашро вобаста ба пардохти маблағи истифодаи нерўи барқ дар назди даъвогар ба таври дахлдор иҷро накардааст, ки дар натиҷа, дар назди Филиали ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Истаравшан ба ҳолати 01-уми апрели соли 2023 ба маблағи 105 000,60 сомонӣ қарздор мондааст. Ҳолати мазкурро санади муқоисавӣ аз 05-уми апрели соли 2023, баёноти тарафҳо ва далелҳои дигари парванда пурра тасдиқ менамояд.

Тибқи талаботи моддаи 351 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, мувофиқи уҳдадорӣ як шахс (қарздор) бояд ба манфиати шахси дигар (кредитор) амали муайянеро анҷом диҳад, чунончи молу мулкро диҳад, корро иҷро кунад, хизмат расонад, пул супорад ва ғайра, ё аз иҷрои ягон амал худдорӣ намояд ва кредитор бошад, ҳуқуқ дорад аз қарздор иҷрои уҳдадориҳояшро талаб намояд.

Уҳдадориҳо дар асоси шартномаҳо, расондани зарар ва асосҳои дигари пешбининамудаи қонунгузорӣ ба вуҷуд меоянд.

Аз рӯи талаботи моддаи 356 Кодекси мазкур, уҳдадориҳо бояд ба таври матлуб мутобиқи шартҳои уҳдадорӣ ва талаботи қонунгузорӣ иҷро карда шаванд ва ҳангоми набудани чунин шарту талабот мутобиқи одатҳои муомилоти корӣ (моддаи 5 ҳамин Кодекс) ё талаботи маъмулан пешниҳодшуда анҷом дода шаванд.

Ҳангоми иҷрои уҳдадориҳо тарафҳо уҳдадоранд бовиҷдонона амал карда, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ҳамдигарро ба назар гиранд, барои ноил шудан ба мақсади уҳдадорӣ мусоидат намуда, инчунин иттилооти заруриро ба ҳамдигар пешниҳод созанд.

Бо дарназардошти асос ва далелҳои дар боло овардашуда суд лозим шуморид, ки даъвои Прокурори вилояти Суғд ба манфиати Филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Истаравшан ба ҷавобгарии ҶДММ “МД” дар бораи рӯёнидани қарзи истифодаи қувваи барқ ба маблағи 105 000,60 сомониро қонеъ намояд.

Суд масъалаи рӯёнидани боҷи давлатиро тибқи талаботи моддаи 109 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима намуда, рўёнидани онро аз ҳисоби ҷавобгар ба фоидаи давлат лозим шуморид.

Бо дастрасии моддаҳои 165, 168 ва 174  Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд,-

ҲАЛ  КАРД:

Даъвои Прокурори вилояти Суғд ба манфиати Филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Истаравшан ба ҷавобгарии ҶДММ “МД”  дар бораи рӯёнидани қарзи истифодаи қувваи барқ ба маблағи 105 000,60 сомонӣ, қонеъ карда шавад.

Аз ҳисоби ҶДММ “МД” ба фоидаи Филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Истаравшан қарзи истифодаи қувваи барқ ба маблағи 105 000,60 сомонӣ рӯёнида шавад.

Аз ҳисоби ҶДММ “МД” ба фоидаи давлат ба маблағи  2101 сомонӣ боҷи давлатӣ, рўёнида шавад.

Нисбат ба ҳалнома дар муҳлати як моҳ тавассути ҳамин суд ба марҳиллаи кассатсионии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикояти кассатсионӣ овардан мумкин аст.

Раисикунанда:-                                  имзо                         Давлатзода Т.Ш.

Нусха ба аслаш баробар аст судяи

Суди  иқтисодии  вилояти Суғд:-                                      Давлатзода Т.Ш.