24 май дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол фестивали футбол баргузор гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни иштирок ва суханронӣ иброз дошт, ки варзиш яке аз роҳҳои беҳтарини беҳдошти саломатӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва мустаҳкам намудани дӯстиву рафоқат байни инсонҳо, ҳамзамон муҳимтарин василаи муттаҳидсозии халқу миллатҳои гуногун ба ҳисоб меравад.
Дар даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, хосатан футбол таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Зеро футбол дар байни аҳли ҷомеа аз маъмултарин дӯстдоштатарин намуди варзиш буда, барои инкишофи ҷисмониву маънавӣ ва тарбияи шахс, аз ҷумла наврасону ҷавонон нақши муҳим дорад.
Тазаккур дода шуд, ки соли 2024 Созмони Милали Муттаҳид тибқи пешниҳоди Раиси шаҳри Душанбе, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ қатъномаи махсусро дар бораи Рўзи ҷаҳонии футбол қабул намуд. Ин ташаббус, ки дар таърихи футболи ҷаҳонӣ бо ҳарфҳои заррин сабт гардид, мақоми Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардошт. Маҳз ҳамин эътибору таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати кишвар буд, ки Тоҷикистон дар масъалаи рушди футбол пайваста ба дастовардҳои нав ба нав ноил гардида истодааст.
Қайд карда шуд, ки бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят давоми панҷ соли охир дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, дар маҷмӯъ, 215 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 2 варзишгоҳ, 210 майдончаи варзишӣ ва 3 маҷмааи варзишӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Давоми солҳои 2020-2024 ва 5 моҳи соли 2025 бошад, барои бунёди иншоотҳои варзишии азиме, ки барои рушди футбол равона шудааст, аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он наздик 50 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст.
Дар фестивали футбол барои кӯдакону наврасон машғулияти гуногуни шавқовар бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, дӯстию рафоқат, ташаккули маҳорату малакаҳои варзишӣ ва оммавӣ гардонидани футбол доир шуда, ба иштирокчиён ва ғолибони мусобиқаҳо тӯҳфаҳо супорида шуд.

